27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:42, Душанбе
27.08.2026 10:59

Эъломи «вазъи фавқулодаи барқ» дар Амрико

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА, бо нигаронӣ аз эҳтимоли дахолат ва ҳамлаи бозигарони хориҷӣ ба шабакаи барқи кишвараш, фармони иҷроӣ содир карда, «вазъи фавқулодаи миллӣ» эълом кардааст.

Кохи Сафед рӯзи чоршанбе, 26-уми август, гуфт, ки ҳадафи ин тасмим ҳифзи шабакаи барқи ИМА аз таҳдидҳои хориҷӣ ва коҳиш додани вобастагии ин кишвар ба таҷҳизоти истеҳсолшуда дар хориҷ аст.

Тибқи фармони Трамп, бархе кишварҳо ва ширкатҳои хориҷӣ метавонанд аз осебпазирии шабакаи барқи ИМА истифода кунанд. Ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, ин масъала муҳим аст, зеро шабакаи барқ на танҳо хонаҳо ва корхонаҳо, балки артиш, хадамоти изтирорӣ, бемористонҳо ва дигар зерсохторҳои муҳимро низ бо неру таъмин мекунад.

Чаро Вашингтон нигарон аст?

Дар солҳои охир вобастагии ИМА ба таҷҳизоти хориҷӣ дар шабакаи барқ бештар шудааст. Ҳамзамон, талабот ба неруи барқ бо рушди марказҳои иттилоотӣ, ҳуши маснуъӣ ва саноатҳои пешрафта босуръат меафзояд.

Мақомоти амрикоӣ махсусан аз таҷҳизоти истеҳсолшуда дар Чин нигаронанд.

«Ройтерз» қаблан хабар дода буд, ки коршиносони амрикоӣ соли гузашта дар баъзе инвертерҳои офтобии сохти Чин таҷҳизоти иртиботии ношинос пайдо кардаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, мавҷудияти ин таҷҳизот дар ҳуҷҷатҳои маҳсулот зикр нашуда буд.

Таҷҳизоти хатарнокро берун мекунанд

Фармони нави Трамп ба Вазорати энергетикаи ИМА имкон медиҳад, ки таҷҳизоти хориҷиеро, ки барои шабакаи барқ хатарнок арзёбӣ мешаванд, муайян кунад.

Дар сурати зарурӣ, чунин таҷҳизотҳо аз шабака ҷудо карда шуда, ба назорат гирифта, иваз ё пурра бардошта мешаванд.

Маҳдудиятҳо танҳо ба таҷҳизоти барқӣ дахл надоранд. Компютер, хизматрасониҳои рақамӣ ва системаҳои дастрасии фосилавӣ, ки бо ин таҷҳизот алоқаманданд, низ метавонанд ба маҳдудиятҳо ворид шаванд.

Бо вуҷуди ин, Вазорати энергетика бояд пеш аз хориҷ ё иваз кардани таҷҳизоти мавҷуда муайян кунад, ки ин иқдом ба кори муътадили шабака ва таъмини барқи хадамоти муҳим зарар намерасонад.

«Аввал Амрико»

Трамп ҳамчунин, дастур додааст, ки қоидаҳои хариди давлатии таҷҳизоти марбут ба энержӣ тағйир дода шаванд. Ҳадаф ин аст, ки дар харидҳои давлатӣ ба таҷҳизот ва зерсохторҳои истеҳсоли дохилии ИМА афзалият дода шавад.

Вазорати энержии ИМА бояд дар муддати 180 рӯз пешниҳодҳои худро барои тағйири қоидаҳои хариди давлатӣ пешниҳод кунад.

Кохи Сафед мегӯяд, ин чораҳо барои он андешида шудаанд, ки шабакаи барқи Амрико аз ҳамла ва дахолати эҳтимолии хориҷӣ эмин нигоҳ дошта шуда, вобастагии кишвар ба таҷҳизоти хориҷӣ коҳиш дода шавад.

Ин тасмим дар замоне гирифта шудааст, ки ИМА ба неруи бештари барқ ниёз пайдо мекунад. Афзоиши истифодаи ҳуши маснуъӣ, сохтмони марказҳои бузурги иттилоот ва рушди саноатҳои нав талабот ба неруи барқро боло бурдааст. Аз ин рӯ, Вашингтон ҳифзи шабакаи барқро на танҳо масъалаи иқтисодӣ, балки як масъалаи амнияти миллӣ медонад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.