27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:42, Душанбе
27.08.2026 09:13

Палатаи савдо ва саноати Хатлон мегӯяд дар 35 сол бо 102 сохтори тиҷоратии хориҷӣ ҳамкорӣ кардааст

Нурализода Амрулло, директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон мегӯяд, ин ниҳод дар 35 соли даврони истиқлол барои пайвастани соҳибкорони минтақа ба бозорҳои байналмилалӣ, ҷалби шарикони хориҷӣ ва рушди содирот фаъолият кардааст. Нурализода Амрулло таъкид мекунад, ки Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон дар ин муддат бо 102 палата ва сохтори тиҷоратии хориҷӣ созишномаҳои ҳамкорӣ баста.

Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон дар сеюним даҳсолаи охир яке аз ниҳодҳои асосии миёнарав байни соҳибкорони минтақа ва шарикони хориҷӣ будааст. Тибқи маълумоти пешниҳодкардаи роҳбарияти Палата, дар давоми 35 соли истиқлол 984 мулоқот бо намояндагони палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои хориҷӣ ва корпусҳои дипломатӣ баргузор шудааст.

Дар ҳамин давра 36 форуми соҳибкорӣ, 424 мизи мудаввар, семинар ва тренинг ва 30 намоишгоҳ баргузор ё ташкил карда шудааст.

Палата, инчунин, мегӯяд, ки барои соҳибкорони Хатлон 1624 пешниҳоди тиҷоратӣ аз ширкатҳои хориҷӣ дастрас карда, иштироки 1250 соҳибкорро дар вохӯриҳои мустақими B2B дар дохил ва хориҷи кишвар таъмин кардааст.

Аз бюрои хурд то ниҳоди дастгирии соҳибкорӣ

Таърихи сохтори Палата дар вилояти Хатлон ба соли 1977 бармегардад. Он замон он ҳамчун Бюрои экспертизаи мол дар вилояти собиқ Қӯрғонтеппа фаъолият мекард ва ҳамагӣ се корманд дошт.

Аз моҳи марти соли 1978 сохтор ба намояндагии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон табдил ёфт.

Аммо марҳилаи нави фаъолияти он баъди гузаштани Тоҷикистон ба иқтисоди бозорӣ оғоз шуд. 26-уми декабри соли 1997 Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон таъсис дода шуд.

Аз он вақт ба ин сӯ, дастгирии соҳибкорон, рушди робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, ҷалби сармоя ва мусоидат ба содироти маҳсулоти маҳаллӣ аз самтҳои асосии фаъолияти он номбар мешаванд.

Робита бо беш аз 100 сохтори хориҷӣ

Ба гуфтаи Палата, он имрӯз бо зиёда аз 102 палата ва сохтори тиҷоратии кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад.

Дар миёни шарикон сохторҳои тиҷоратии Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Украина, Ӯзбекистон, Афғонистон, Эрон ва Туркия номбар мешаванд.

Палата мегӯяд, ки ин робитаҳо барои пайдо кардани шарикони нав, мубодилаи таҷриба, ҷалби сармоя ва васеъ кардани имкониятҳои содиротии соҳибкорони Хатлон истифода мешаванд.

Соҳибкорони вилоят дар намоишгоҳҳо ва чорабиниҳои тиҷоратӣ дар Қазоқистон, Туркия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ӯзбекистон, Эрон, Чин ва дигар кишварҳо иштирок кардаанд.

Кӯшиш барои баровардани маҳсулоти Хатлон ба бозорҳои нав

Яке аз самтҳои нави фаъолияти Палата мусоидат ба фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии вилоят дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ мебошад.

Дар ҳамин замина, бо пешниҳоди Палата ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон платформаи «Агромаркет Хатлон TJ» ба фаъолият оғоз мекунад.

Ҳадафи он фароҳам кардани имкониятҳои бештар барои фурӯши маҳсулоти истеҳсолкунандагони маҳаллӣ ва рушди содирот гуфта мешавад.

Палата ҳамчунин, бо ҶСП «Фридом Бонки Тоҷикистон» ёддошти тафоҳум ба имзо расондааст. Дар доираи ин ҳамкорӣ истифодаи платформаи «Агромаркет»-и ин бонк барои ба бозор баровардани маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии соҳибкорони Хатлон пешбинӣ шудааст.

«ТОП-35» ва соҳибкорони Хатлон

Дар солҳои охир Палата дар баргузории як қатор форумҳо ва намоишгоҳҳои минтақавӣ низ иштирок кардааст.

Аз ҷумла, дар форумҳои «Бохтар Фуд» ва «Хатлон Инвест» солҳои 2022–2025, инчунин, намоишгоҳҳои маҳсулоти Хатлон дар шаҳри Алмаато дар солҳои 2024–2026 соҳибкорони вилоят иштирок кардаанд.

Дар озмуни «ТОП-35 шарики боэътимод», ки бори аввал бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, аз вилояти Хатлон 25 ширкату корхона ва соҳибкор иштирок карданд.

Тибқи маълумоти Палата, шаш ширкат соҳиби ҷоиза шуда, 19 ширкату соҳибкори дигар сертификати «Шарики боэътимоди сол» гирифтаанд.

408 аъзои Палата...

Ҳоло 408 ширкату корхона, хоҷагии деҳқонӣ ва соҳибкори инфиродӣ аз вилояти Хатлон аъзои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Роҳбарияти Палата густариши аъзогӣ, пайдо кардани бозорҳои нави содиротӣ, ҷалби технология ва сармояи хориҷӣ ва таҳкими робитаҳои мустақими соҳибкоронро аз самтҳои муҳимми фаъолияти минбаъда медонад.

Нурализода Амрулло мегӯяд, ки Палата минбаъд низ бояд барои муаррифии маҳсулоти Тоҷикистон дар бозорҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар истифодаи бештари имкониятҳоро таъмин кунад.

Тибқи гуфтаи ӯ, рушди Палата дар 35 соли Истиқлол аз як сохтори хурд ба ниҳоде расидааст, ки имрӯз ҳамчун пайвандгари соҳибкорони Хатлон бо шарикони тиҷоратии хориҷӣ фаъолият мекунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.