27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:06, Душанбе
27.08.2026 06:51

Пизишкиён: “Амрико бо фишори иқтисодӣ наметавонад Эронро водор ба таслим кунад”

Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон мегӯяд, ки Теҳрон ба фишорҳои иқтисодии Аммрико муқовимат хоҳад кард. Ӯ гуфт, Амрико дар ҷанги гузашта ба ҳадафҳои қаблии худ нарасид ва фишори иқтисодӣ низ натиҷаи дилхоҳ нахоҳад дод.

Масъуд Пизишкиён рӯзи сешанбе дар ҷаласае дар Бонки марказии Эрон вазъи иқтисодии кишвар ва роҳҳои муқовимат ба фишорҳои нави Амрикоро баррасӣ намуд.

Дар мулоқот раиси Бонки марказии Эрон ва як гурӯҳ иқтисоддонҳои донишгоҳӣ ширкат доштанд. Онҳо вазъи асъор, ҳаҷми пардохти пулӣ, тавозуни пардохтҳои байналмилалӣ ва сиёсати пулию қарзиро муҳокима намуданд.

Масъуд Пизишкиён гуфт, дар шароити фишори хориҷӣ ва маҳдудиятҳои иқтисодӣ нигоҳ доштани субот дар бозорҳои калидӣ, бахусус бозори асъор ва пул ҳамоҳангӣ миёни ҳукумат ва ниҳодҳои иқтисодиро талаб мекунад. Ӯ ҳамчунин, ба зарурати назорати таваррум ва идомаи чораҳо барои нигоҳ доштани суботи иқтисодӣ таъкид намуд.

Раиси ҷумҳури Эрон аз иқтисоддонҳо хост, пешниҳоди худро барои коҳиш додани таъсири маҳдудиятҳои тиҷоратӣ ва идора намудани вазъи нави иқтисодӣ пешниҳод кунанд. Ба гуфтаи ӯ, истифода аз таҷриба ва донишҳои мутахассисони донишгоҳӣ метавонад дар қабули қарорҳои иқтисодӣ нақши муҳим дошта бошад.

Дар ҷаласа ҳамчунин, масъалаҳои сиёсати буҷетӣ, идоракунии корхонаҳо, тиҷорати хориҷӣ ва муносибатҳои иқтисодӣ бо дигар кишварҳо баррасӣ шуданд.

Масъуд Пизишкиён таъкид намуд, ҳукумати ӯ ҷонибдори ҳалли масъалаҳо ба воситаи гуфтугуву музокира аст, вале ҳамзамон омодааст дар баробари фишорҳои иқтисодӣ муқовимат намояд.

“Мо ҷонибдори тафоҳум ва ҳалли масъалаҳо ба воситаи ҳамкорӣ ва музокира ҳастам, вале дар баробари фишорҳои иқтисодӣ, ҳамон тавр, ки то имрӯз истодагарӣ кардем, минбаъд низ муқовимат хоҳем кард”- таъкид кард Масъуд Пизишкиён.

Масъуд Пизишкиён афзуд, ки Амрико дар ҷараёни ҷанг бо вуҷуди амалиёти неруҳои мусаллаҳ ва пуштибонии мардум натавонист ба ҳадафҳои худ расад.

Теҳрон бовар дорад фишори иқтисодӣ низ Вашингтонро ба натиҷаи дилхоҳ нахоҳад расонд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.