Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Душанбе мизбони конфронс дар бораи таҷрибаи сулҳофарии Тоҷикистон шуд
Таҷрибаи “талх” -и ҷангу сулҳи Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ муаррифӣ шуд.
Таҷрибаи Тоҷикистон дар роҳи хотима додан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ дар як конфронси байналмилалӣ дар Душанбе баррасӣ шуд. Иштирокдорони ҳамоиш ҳамчунин, сиёсати хориҷии кишвар, рушди устувор ва нақши дипломатияро дар ҳалли низоъҳо муҳокима карданд.
Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии «Тоҷикистон ва 35 соли соҳибистиқлолӣ: таҷрибаи сулҳофарӣ, сиёсати бисёрсамта ва рушди устувор» баргузор шуд.
Дар ҳамоиш намояндагони баландпояи ҳукумати Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, дипломатҳои муқими кишвар ва дигар меҳмонон иштирок карданд.
Дар маркази баҳсҳо таҷрибаи Тоҷикистон дар роҳи барқарор кардани сулҳ ва расидан ба ризоияти миллӣ қарор дошт.
Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлол дар оғози солҳои 1990 ба як давраи буҳрони сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд. Низоъ ба суботи кишвар ва зиндагии мардум таъсири ҷиддӣ расонд.
Дар конфронс гуфта шуд, ки музокироти сиёсӣ ва дипломатӣ дар ниҳоят барои ба даст овардани созиши сулҳ ва хотима додан ба даргириҳо замина фароҳам овард.
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳамчун яке аз рӯйдодҳои муҳим дар таърихи муосири Тоҷикистон арзёбӣ шуд.
Иштирокдорони конфронс гуфтанд, ки таҷрибаи Тоҷикистон дар ҳалли низоъи дохилӣ барои омӯзиши равандҳои сулҳофарӣ дар дигар кишварҳо низ аҳамият дорад.
Дар ҳамоиш ҳамчунин, натиҷаҳои 35 соли истиқлоли Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Яке аз мавзуъҳои асосӣ сиёсати хориҷии «дарҳои боз» буд. Ин сиёсат, ба гуфтаи иштирокдорони конфронс, ба Тоҷикистон имкон додааст, ки робитаҳои дипломатӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии худро густариш диҳад.
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаҳои об, рушди устувор, ҳифзи пиряхҳо, амнияти минтақавӣ ва муколамаи байнифарҳангӣ низ аз мавзуъҳои баҳс буданд.
Намояндагони Тоҷикистон таъкид карданд, ки кишвар дар солҳои истиқлол талош кардааст мавқеи худро ҳамчун ҷонибдори сулҳ, ҳамкорӣ ва ҳалли дипломатии мушкилоти байналмилалӣ тақвият диҳад.
Дар конфронс, инчунин, ба саҳми занони Тоҷикистон дар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар таваҷҷуҳ зоҳир шуд.
Иштирокдорони ҳамоиш дар идома роҳҳои пешгирии низоъҳо ва аҳамияти дипломатия, ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳамкории бисёрҷонибаро барои таъмини сулҳу амнияти ҷаҳонӣ баррасӣ карданд.
Ҳадафи асосии конфронс таъкид ба аҳамияти сулҳ, ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ ҳамчун заминаи рушди устувори кишвар арзёбӣ шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”