Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Маскав: даст кашидани Аврупо аз гази Русия «худкушӣ» аст
Намояндаи вижаи раиси ҷумҳури Русия дар умури сармоягузорӣ ва ҳамкории иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ мегӯяд, даст кашидани Иттиҳоди Аврупо аз хариди гази Русия ба «худкушӣ» мемонад.
Кирилл Дмитриев рӯзи чоршанбе дар вокуниш ба гузориши рӯзномаи «Файненшл Таймз» (Financial Times) дар бораи буҳрони энержӣ дар Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, ки қимати гази моеъ дар ин минтақа ба баландтарин сатҳи худ расида ва захираҳои газ ба таври бесобиқа коҳиш ёфтаанд.
Дмитриев гуфтааст, гузориши «Файненшл Таймз» нишон медиҳад, ки рад кардани манобеи энержии Русия Аврупоро ба сӯйи «худкушӣ дар бахши энержӣ» мебарад.
Ба гузориши хабаргузории «Спутник», ӯ таъкид кардааст, ки буҳрони кунунии энержӣ дар Аврупо бо коҳиши таъминоти газ ва маҳдуд шудани манобеи алтернативӣ иртибот дорад.
Пеш аз ин, «Файненшл Таймз» бо такя ба маълумоти муассисаи «Аргус Медиа» гузориш дода буд, ки қимати гази табиии моеъ дар шимолу ғарби Аврупо ба далели коҳиши интиқоли газ тавассути тангаи Ҳурмуз ба баландтарин сатҳ аз моҳи январи соли 2023 расидааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”