Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҷабҳаи муқовимат аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯи Толибон дар Бадахшон хабар дод
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон эълом кардааст, ки дар ҳамлаи нерӯҳои ин ҷабҳа дар шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшони Афғонистон се ҷангҷӯи Толибон кушта ва ду тани дигар захмӣ шудаанд.
Ин ҷабҳа рӯзи сешанбе, 25-уми август бо нашри хабарномае гуфтааст, ки нерӯҳои он як мошини ҳомили Толибонро дар ҳудуди ҳавзаи панҷуми шаҳри Файзобод ҳадаф қарор додаанд.
Бар асоси хабарнома, ин ҳамла тақрибан соати 11:35 анҷом шудааст ва дар натиҷаи он панҷ ҷангҷӯи гурӯҳи террористии Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ афзудааст, ки дар ин амалиёт мошини ҳомили Толибон низ тахриб шудааст.
Ин ҷабҳа гуфтааст, ки нерӯҳои он ҳамлаҳои ҳадафманди худро дар нуқтаҳои гуногуни Афғонистон бо ҳадафи он чӣ «озодии мардум ва кишвар аз зери султаи ғайриқонунии Толибон» хонда шудааст, анҷом медиҳанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”