Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Чин хостори бозгашти ИМА ва Эрон ба мизи музокира шуд
Чин аз таҳримҳои якҷонибаи Иёлоти Муттаҳида бар зидди Эрон изҳори нигаронӣ карда, гуфт, ки сиёсати «фишори ҳадди аксар» наметавонад роҳи ҳалли ихтилофҳо бошад ва метавонад ба афзоиши танишҳо дар минтақа мусоидат кунад.
Вазорати корҳои хориҷии Чин бори дигар мухолифати худро ба таҳримҳои якҷонибаи ИМА бар зидди Эрон эълом кард. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин гуфт, ки Пекин сиёсати «фишори ҳадди аксар» ва истифодаи таҳримҳои иқтисодиро роҳи муассири ҳалли ихтилофҳо намедонад.
Ба гуфтаи ӯ, чунин иқдомҳо метавонанд ба афзоиши танишҳо ва ҳатто густариши хатари даргирӣ дар минтақа оварда расонанд.
Мақомоти Чин аз ҳамаи ҷонибҳо хостаанд, ки ба ҷойи афзоиши фишорҳои иқтисодӣ ба коҳиши танишҳо тамаркуз кунанд.
Пекин ҳамчунин, бар зарурати баргаштани ҳарчи зудтари Эрон ва Иёлоти Муттаҳида ба роҳи гуфтугӯ ва музокироти дипломатӣ таъкид кардааст.
Чин дар солҳои охир борҳо аз истифодаи таҳримҳои якҷонибаи ИМА бар зидди кишварҳои дигар интиқод намуда, ҷонибдори ҳалли ихтилофҳои байналмилалӣ ба воситаи музокирот шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”