Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ислом Махачев: “Се муҳорибаи шавқовар ва вазнин маро интизор аст”
Чемпиони вазни ниммиёнаи UFC Ислом Махачев пас аз ғолибият ва ҳимояи камарбанди қаҳрамонӣ дар мусобиқаи UFC 330 ба Доғистон баргашт ва дар фурудгоҳ ба саволҳои хабарнигорон посух дод.
Нахуст Ислом Махачев доир ба муҳорибаи охираш суҳбат карда, иброз дошт: “Медонистам, рақобат бо Иэн Гэрри осон нест, вале то ин ҳад душвор шуданашро тахмин намекардам. Услуби ҷангии ӯ мувофиқ нест, зеро доимо ба қафо меравад ва интизор мешавад, ки аввал рақибаш ҳамла кунад. Ба ҳар ҳол, ман намегӯям, ки вазнинтарин рақобат буд, аммо осон набуд. Дар чунин рақобатҳо муҳим ғалаба аст ва шукр, ки ман ғалиб шудам ва камарбанди чемпиониро ҳимоя кардам”.
Азбаски чемпиони вазни ниммиёнаи UFC Ислом Махачев моҳи октябри соли равон 35-сола мешавад, дар расонаҳо хабарҳое нашр мегарданд, ки гӯё ӯ тасмими қатъи корномаи варзишиашро дорад. Вале худи чемпион ин ҳамаро рад кард ва гуфт, ки ҳоло дар вазни ниммиёнаи UFC довталабони зиёд ҳастанд ва тахминан се муҳорибаи шавқовар ва вазнин ӯро интизор аст.
Ёдовар мешавем, ки Ислом Махачев дар мусобиқаи UFC 330 бо варзишгари ирландӣ Иэн Гэрри рақобат карда, бо қарори якдилонаи доварон ғалаба намуд ва бори нахуст камарбанди чемпиониашро дар вазни нимммиёна ҳимоя кард. Интизор меравад, ки чемпион муҳорибаи навбатиашро ё охири соли равон ва ё аввали соли 2027 мегузаронад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”