27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Нашри амали таҳқиромези Толибон бо ҷасади Ҳасиб Панҷшерӣ хашми мардумро барангехт
Нашри амали таҳқиромези гурӯҳи террористии Толибон ба ҷасади Ҳасиб Панҷшерӣ, фармондеҳи Ҷабаҳаи муқовимат ва як мусафед, аз ҷангҷӯёни Ҷумъахон Фотеҳ хашми корбарони шабакаи иҷтимоӣ ва фаъолони ҳуқуқи башарро барангехтааст.
Дар як навор муносибати таҳқиромези Толибон бо ҷасади кушташудаи як марди солхӯрдае дида мешавад, ки дар рӯи замин хобида ва либосҳояш бо хун олӯда шудааст. Ҷангҷӯе, ки либоси Толибон дар тан дорад, ба рӯи ӯ по мезанад. Дар навори дигар, ки ҷасади Ҳасиб Панҷшерӣ дида мешавад, ҷанҷӯёни Толиб мӯйҳояшро кашида, ба ҷасадаш муносибати таҳқиомез мекунанд.
Расонаҳои афғонистонӣ иттилоъ медиҳанд, ки ин наворҳо ба даргириҳо дар Бадахшон ва минтақаи Соланги Афғонистон рабт доранд.
Бар асоси иттилои расонаҳо, Ҳасиб Панҷшерӣ, ки бо лақаби “Қувои марказ” бо Толибон меҷангид, аз ҷониби ҷангҷӯёни ин гурӯҳ кушта шуд. Баъди нашри хабари кушта шудани ӯ, навори муносибати таҳқиромез бо ҷасади ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид. Мусафеди дар навор дидашуда, ҷангҷӯӣ фармондеҳи худи Толибон Ҷумъахон Фотеҳ мебошад, ки чанде қабл аз ҷониби Толибон боздошт ва афродаш халъи силоҳ шуданд.
Манобеи иттилоотии Афғонистон гузориш додаанд, ки баъе аз ҷангҷӯёни зиддитолиб худ тасмим гирифтанд, ки таслим шаванд, вале аз ҷониби Толибон кушта шуданд.
Нашри наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои шадидро ба бор овард. Бархе шаҳрвандон ва фаъолони сиёсӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи башар Толибонро ба поймол кардани меъёрҳои инсонӣ ва қоидаҳои ҷанг муттаҳам кардаанд.
Фарид Ҳамидӣ, додситони кулли собиқи Афғонистон гуфтааст, ки марг шаъну шарафи инсонро аз миён намебарад. Ӯ мегӯяд, таҳқири ҷасади кушташудагон ва асирони ҷангӣ хилофи принсипҳои инсонӣ, меъёрҳои исломӣ ва қонунҳои байналмилалӣ аст. Фарид Ҳамидӣ хостори таҳқиқ ва арзёбии ин амали Толибон шуда, гуфтааст, масъулони эҳтимолии чунин ҷасадҳо ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Муҷибурраҳмон Раҳимӣ, сухангӯи собиқи Шурои Олии сулҳи Афғонистон низ чунин муносибат бо ҷасадҳоро маҳкум карда, зикр намудааст, ки чунин рафтор бо арзишҳои исломӣ созгор нест.
Амали таҳқиромези Толибон ба ҷасадҳо мавзуе нест, ки бори аввал аз ҷониби Толибон сурат мегирад. Толибон дар гузашта низ борҳо бо ҷасади афроди кушташуда беҳурматӣ ва амалҳои таҳқиромез анҷом додаанд.
Бархилофи Толибон, дар як навори нашршуда Ҳасиб Панҷшерӣ бо афроди асиргирифтааш аз Толибон муносибати хуб намуда, онҳоро озод мекунад ва ба онҳо пул медиҳад, то аз минтақа хориҷ шаванд.
Муқоисаи амали Ҳасиб Панҷшерӣ ва амали ҷангҷӯёни Толибон нафрати мардум ба ин гурӯҳи террористиро бештар кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”