Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Гармии шадид дар Ӯзбекистон: ҳарорат то ба 40 дараҷа мерасад
Дар Ӯзбекистон нимаи дуюми ҳафта ҳарорати ҳаво 2–3 дараҷа боло рафта, дар минтақаҳои ҷанубии ин кишвар то ба 39–40 дараҷа мерасад. Ҳаво асосан бебориш ва гарм пешбинӣ шудааст.
Дар оғози ҳафта дар Ӯзбекистон ҳавои нисбатан гарм ҳукмфармо буда, ҳарорати рӯзона ба меъёри муқаррарии иқлимӣ наздик мемонад. Ба иттилои Хадамоти обуҳавошиносии Ӯзбекистон, ҳарорати ҳаво рӯзона ба 32–35 дараҷа мерасад.
Аз нимаи дуюми ҳафта ҳарорати рӯзона боз ҳам баланд шуда, дар аксари минтақаҳо 35–38 дараҷа ва дар ҷануби ин кишвар то 39–40 дараҷа хоҳад расид. Шабона ҳарорати ҳаво асосан дар ҳудуди 18–23 дараҷа боқӣ мемонад.
Рӯзҳои 24–28-уми август дар ин кишвар асосан ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешбинӣ шудааст. Танҳо дар баъзе минтақаҳои кӯҳии вилоятҳои Тошканд ва Фарғона эҳтимоли борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ вуҷуд дорад.
Дар шаҳри Тошканд рӯзҳои 24–26-уми август ҳарорати рӯзона 32–35 дараҷа ва рӯзҳои 27–28-уми август 35–37 дараҷа пешбинӣ мешавад. Ҳарорати шабона бошад, ба 18–21 дараҷа мерасад.
Суръати шамол дар аксари минтақаҳои ин кишвар 7–12 метр дар як сония хоҳад буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”