27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:09, Душанбе
24.08.2026 14:12

Шаҳрванди 40-солаи Тоҷикистон барои интиқоли доруҳои “неруафзо” боздошт шуд

Як шаҳрванди 40-солаи Тоҷикистон баъди ворид шудан ба Русия бо доруҳои тестостерон ва нандролон (доруҳои афзоиши мушак) дар майдони ҳавоии “Пулково” -и Санкт-Петербург боздошт гардид. Мақомоти Русия ин моддаҳоро ба гурӯҳи доруҳои қавиамал ё афзояндаи аз меъёр зиёди қувва дохил намуда, нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Ин мард аз Тоҷикистон бо хатсайри Душанбе -Санкт-Петербург сафар карда буд. Дар вақти гузаронидани санҷиш дар долони “сабз” кормандони гумрук ба ӯ таваҷҷуҳ намудаанд.

Дар боғоҷи мусофир зарфҳои шишагӣ пайдо гардида, дар ҷайби куртааш низ доруҳо ошкор шудаанд. Ташхиси коршиносон муайян намуд, ки дар миёни онҳо тестостерон, гормони мардона барои рушди мушакҳо ва нандролон, моддаи гормонӣ барои афзоиши ҳаҷми мушакҳо мавҷуд будааст.

Шаҳрванди Тоҷикистон гуфт, ки ин доруҳоро барои афзоиши массаи мушакӣ истифода мебарад. Тибқи гуфтаи худаш, ӯ онҳоро дар Тоҷикистон аз як шахси ношинос ва бидуни дорухати табиб харидааст.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин мардро дар майдони ҳавоӣ боздошт намудаанд. Нисбат ба ӯ бо гумони қочоқи моддаҳои неруафзо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар бораи ҳувияти шаҳрванди Тоҷикистон ва ҷузъиёти дигари тафтишот то ҳол маълумоти бештар нашр нашудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.