27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:09, Душанбе
24.08.2026 15:06

Сафири Амрико: “Миёни Вашингтон ва Толибон эътимоди кофӣ вуҷуд надорад”

Роналд Нюман, сафири собиқи Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон мегӯяд, муносибатҳои Вашингтон ва Толибон ҳанӯз бар пояи эътимод устувор нестанд. Ба назари ӯ, ҳар гуна талош барои наздик шудани ду ҷониб бояд тадриҷан ва бо қадамҳои муштарак сурат гирад.

Роналд Нюман, ки солҳои 2005–2007 сафири ИМА дар Афғонистон буд, дар суҳбат бо шабакаи «i24» гуфтааст, ки боз шудани сафорати Амрико дар Кобул дар оянда имконпазир аст. Аммо ӯ таъкид кардааст, ки пеш аз чунин иқдом Толибон бояд дар баъзе сиёсатҳои худ тағйирот ворид кунанд.

Ба гуфтаи Нюман, масъалаи муносибат бо занон аз ҷумлаи мавзуъҳоест, ки метавонад барои Вашингтон аҳамияти сиёсӣ дошта бошад. Ӯ бар ин назар аст, ки ИМА набояд танҳо ба ваъдаҳои Толибон такя кунад, балки дар иваз ба ҳар як қадами дипломатӣ аз Кобул амали мушаххас талаб намояд.

Нюман гуфт, агар сафорати Амрико бидуни гирифтани ягон иқдоми ҷавобӣ аз ҷониби Толибон боз шавад, ин метавонад ба Кобул чунин паём диҳад, ки барои тағйири мавқеъҳои худ фишоре эҳсос намекунад.

Дипломати собиқ ҳамчунин, ёдовар шудааст, ки талош барои нигоҳ доштани робитаи сиёсӣ миёни Вашингтон ва Толибон мавзуи нав нест. Ба гуфтаи ӯ, дар давраи музокироти Доҳа низ масъалаи идомаи муносибатҳои сиёсӣ баррасӣ мешуд, дар ҳоле ки Толибон хуруҷи нерӯҳои амрикоиро аз Афғонистон талаб мекарданд.

Нюман ҳамзамон ҳушдор додааст, ки коҳиши таваҷҷуҳи ИМА ба Афғонистон метавонад ҷойгоҳи Вашингтонро дар минтақа заиф кунад. Ӯ гуфтааст, пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ Русия, Чин ва кишварҳои дигари минтақа робитаҳои худро бо Кобул густариш додаанд.

Сафири собиқи ИМА бар ин назар аст, ки Вашингтон барои ба роҳ мондани муносибатҳои устувор бо ҳукумати Толибон бояд аз сиёсати гузаштҳои якҷониба даст кашад. Ба гуфтаи ӯ, ҳар ду ҷониб бояд қадамҳои мушаххас гузоранд ва пешрафти муносибатҳо бар асоси амалҳои мутақобила арзёбӣ шавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.