27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:09, Душанбе
24.08.2026 14:57

Барои муаррифии фарҳанги миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ. «Фестивали тобистонаи Душанбе-2026» ҷамъбаст гардид

22-юм ва 23-юми август дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» бо ташаббус ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе «Фестивали тобистонаи Душанбе-2026» («Dushanbe Summer Fest- 2026») баргузор шуд.

Тавре ки Раёсати рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ додааст, давоми ду рӯз дар ҳудуди «Наврӯзгоҳ» барномаи гуногуни фарҳангӣ, фароғатӣ ва сайёҳӣ пешниҳод гардид. Меҳмонон аз намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, таом ва хӯришҳои миллӣ ва байналмилалӣ, шириниҳо, нӯшокиҳои гуногун, инчунин, бозиҳои варзишиву зеҳнӣ, озмуну викторинаҳо, намоишҳои театриву сиркӣ, сайру гашт тавассути асп ва дигар чорабиниҳои фароғатӣ баҳравар шуданд.

Иттилоъ дода мешавад, ки дар қисмати фарҳангии фестивал сарояндагони маъруфи кишвар, аз ҷумла Ашур Қурбонов, Шаҳло Ҳафизова, Барон, Нилуфари Сарбоз, Беҳрӯз Мирзоев, Нишонаи Рустам, Акмал Ошурмамадов, Ситораи Кароматулло, M.One, Фариддуни Хуршед, Иззат Шарифӣ, Фотима Машрабова, Афзалшо Шодиев, Мадина Ақназарова, Фарзонаи Хуршед, Зикрулло Ҳакимов, Зулайхо Маҳмадшоева ва Шабнами Сураё ҳунарнамоӣ карданд. Ҳамчунин, дар доираи барномаи консертӣ сарояндагони машҳури хориҷӣ Севак ва Ҷанага ба иштирокчиёни фестивал руҳияи идона бахшиданд.

Манбаъ навиштааст, ки «Фестивали тобистонаи Душанбе»  барои муаррифии фарҳанги миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, рушди соҳибкорӣ ва хизматрасонӣ, ҷалби бештари сайёҳон ва фароҳам овардани фазои мусоиди истироҳату фароғат барои сокинону меҳмонони пойтахт заминаи мусоид фароҳам овард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.