27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:06, Душанбе
24.08.2026 13:44

Казоқистон ба Чин ва Русия уран мефурӯшад

Ширкати миллии атомии Қазоқистон «Казатомпром» барои интиқоли консентрати урани табиӣ ба Чин ва Русия ба мувофиқа расидааст. Ҳаҷм, муҳлат ва арзиши ин созишҳо ҳанӯз ошкор нашудаанд.

Ширкати «Казатомпром» эълон кардааст, ки ду созишномаи бузург барои фурӯши консентрати урани табиӣ дар шакли U3O8 ба ширкатҳои чинӣ ва русӣ омода шудааст.

Яке аз харидорон ширкати чинии “State Nuclear Uranium Resource Development Company (SNURDC)” мебошад. Ин ширкат ба гурӯҳи энергетикии “State Power Investment Corporation” (SPIC) дохил шуда, уран ва маводи сӯзишвории ҳастаиро барои саноати Чин таъмин мекунад.

Бар асоси созиш, урани қазоқӣ тавассути роҳи оҳан ба истгоҳи Алашанкоу дар марзи Қазоқистон ва Чин интиқол дода мешавад.

Созиши дуюм бо ширкати русии “Uranium One Group”, ки дар сохтори «Росатом» фаъолият мекунад, пешбинӣ шудааст. Тибқи нақша, уран ба Корхонаи кимиёвии Сибир дар Русия фиристода хоҳад шуд.

«Казатомпром» мегӯяд, ки ҷонибҳо шартҳои асосии ҳар ду муомиларо мувофиқа кардаанд. Бо вуҷуди ин, маълумот дар бораи ҳаҷми урани интиқолшаванда, нарх ва муҳлати иҷрои шартномаҳо ба далели сирри тиҷоратӣ нашр нашудааст.

Ширкати қазоқӣ таъкид кардааст, ки параметрҳои ин созишҳо ба вазъи кунунии бозори уран мувофиқат мекунанд.

Ин созишҳо дар ҳоле ба даст меоянд, ки Қазоқистон мавқеи худро ҳамчун яке аз таъминкунандагони асосии уран дар бозори ҷаҳонӣ нигоҳ медорад. «Казатомпром» ҳамчунин, дар нимсолаи аввали соли 2026 истеҳсоли уранро нисбат ба соли гузашта 9 дарсад афзоиш додааст.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.