Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Қаҳрамони муҳорибаи Курск 103-сола шуд: низомиёни Русия ба дидори собиқадори тоҷик рафтанд
Низомиёни Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон ва намояндагони ҳаракати «Юнармия» собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Сафаралӣ Файзалиевро ба муносибати 83-юмин солгарди пирӯзии Артиши Сурх дар муҳорибаи Курск табрик карданд.
Сафаралӣ Файзалиев, ки 103 сол дорад, яке аз иштирокдорони муҳорибаи Курск дар солҳои Ҷанги ҷаҳонии дуюм будааст.
Намояндагони Пойгоҳи низомии Русия ба манзили собиқадор дар деҳаи Ҳоҷӣ-Шариф, дар канори шаҳри Бохтар, маркази маъмурии вилояти Хатлон рафтанд.
Ин сана тасодуфӣ интихоб нашудааст. Файзалиев дар солҳои ҷанг бевосита дар набардҳои шадид дар самти Курск иштирок кардааст.
Низомиёни рус ва намояндагони «Юнармия» аз саҳми ӯ дар пирӯзӣ бар фашизм ба хотири наслҳои оянда изҳори сипос карданд. Онҳо ба собиқадор саломатии бардавом ва рӯзгори осуда орзу намуда, ба ӯ бастаҳои маҳсулоти ғизоӣ ва шириниҳо тақдим карданд.
Файзалиев дар посух ба меҳмонон барои таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ташаккур гуфт ва ба онҳо «осмони софу осуда» орзу кард. Ӯ ҳамчунин, бо ҷавонон ва низомиён аз рӯзҳои ҷавонии худ дар ҷабҳа ёдовар шуд.
Ба гуфтаи расонаи «Спутник» (Sputnik), чунин мулоқот бори аввал нест. Низомиёни Пойгоҳи 201-и Русия мунтазам аз ҳолу аҳволи собиқадор хабар мегиранд ва ният доранд ин анъанаро идома диҳанд.
Сафаралӣ Файзалиев 9-уми майи соли 1923 таваллуд шудааст. Ӯ дар синни 18-солагӣ ба хизмати ҳарбӣ дар полки 229-и Байрақи Сурх, ки ба ҳайати Фронти Украина шомил буд, рафтааст.
Ӯ дар муҳорибаҳои Курск, Воронеж, Киев ва дигар шаҳрҳо иштирок кардааст. Барои хизмати ҳарбӣ Файзалиев бо ордени Ҷанги Бузурги Ватанӣ дараҷаи дуюм сарфароз шудааст.
Файзалиев аз куҳансолтарин собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар Рӯзи Ғалаба дар моҳи майи соли 2026 ӯ 103-солагии худро таҷлил кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”