Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҷабҳаи озодӣ аз даргирии тоза бо Толибон дар Зебоки Бадахшон хабар дод
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз сар задани даргирӣ миёни неруҳои ин ҷабҳа ва гурӯҳи террористии Толибон дар ноҳияи (вулусволии) Зебоки вилояти Бадахшони Афғонистон хабар дода ва гуфтааст, ки ба Толибон дар ин даргирӣ талафот ва хисороти сангин ворид шудааст.
Ин ҷабҳа рӯзи якшанбе, 23-уми август бо нашри хабарномае гуфтааст, ки Толибон субҳи имрӯз аз чанд тараф ба мавозеи неруҳои Ҷабҳаи озодӣ дар Зебок ҳамла кардаанд.
Дар хабарнома омадааст, ки неруҳои Ҷабҳаи озодӣ дар посух ба он, зиддиҳамла анҷом дода ва Толибон пас аз талафот ва хисороти воридшуда, аз маҳалли даргирӣ ақибнишинӣ кардаанд.
Ба гуфтаи ин ҷабҳа, кушташудаҳо ва захмиёни Толибон пас аз даргирӣ ба беморхонаи Зебок ва дармонгоҳи ноҳияи Баҳорак бурда шудаанд.
Ҷабҳаи озодӣ афзудааст, ки неруҳои ин ҷабҳа мавозеъи худро ҳифз карда ва дар чанд нуқтаи муҳимми дигар низ ҷо ба ҷо шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”