27 Сентябр 2026,
якшанбе, 17:34, Душанбе
21.08.2026 18:10

Пайрав Шарифӣ: “Филм набояд тарбия кунад, балки ба андеша водор созад”

Пайрав Шарифӣ аз ҷумлаи коргардонҳои ҷавони тоҷик аст, ки роҳи эҷодии ҷолиберо тай кардааст. Синамо барои Пайрав Шарифӣ танҳо як касб нест, балки василаи эҳсос кардан ва қисса намудани ҳикояҳое мебошад, ки баъзан бо сухан гуфтанашон ғайриимкон аст. 

Ӯ дар суҳбат бо мо аз роҳи ворид шудан ба олами кино, таҳсил дар Санкт-Петербург, таҷрибаи ҳакамӣ дар фестивали байналмилалӣ, филмҳои «Сарчашма», «Хирсҳо» ва «Падари ман», инчунин, аз мушкилоту имкониятҳои рушди синамои тоҷик гуфт.

- Одатан, касбҳои эҷодиро одамон интихоб намекунанд, балки касб онҳоро интихоб мекунад. Бигӯед, ки шавқу завқи филмофарӣ дар шумо чӣ гуна пайдо шуд?

- Ҳама чиз аз ҳамон рӯзе оғоз шуд, ки падарам ба бародарам як дастгоҳи наворбардорӣ туҳфа кард. Мо дар аввал наворҳои кӯтоҳ мегирифтем, ки дар онҳо эҳсосоти гуногунро, аз ҷумла ханда, ғам ва шодиро нишон медодем ва баъдан ба онҳо мусиқӣ ҳамроҳ мекардем. Чанд сол ҳамин тавр наворбардорӣ кардем ва бо барномаи махсуси тадвин кор карданро омӯхтем. Солҳо гузаштанд ва бародарам ба соҳибкорӣ рӯ овард, аммо ман дар ҳамин роҳ мондам. 

- Коргардонӣ дар ҳоли ҳозир касби боқадр аст? Оё заҳматҳои намояндаи ин касб ба таври бояду шояд арҷгузорӣ мешаванд?

- Кори коргардони кино осон нест ва на ҳамеша қадр мешавад, аммо ин набояд ӯро аз роҳаш боздорад. Коргардони ҳақиқӣ филмро на барои он месозад, ки ӯро таъриф кунанд ё тавассути корҳои эҷодиаш соҳиби обрӯву мақом шавад. Ӯ ҳикояеро нақл мекунад, ки воқеан барояш муҳим, нигаронкунанда ё ҷолиб аст. Албатта, ҷоиза ва эътироф низ барои пешбурди филмҳои баъдӣ мусоидат мекунад. Ба коргардон бештар вокуниши тамошобин ба филмаш ангеза мебахшад. Яъне фикру мулоҳиза, эҳсоси баёншуда ё ҳамон лаҳзае, ки пас аз намоиши филм касе наздат меояду барои филме, ки ба ӯ таъсир кардааст, изҳори сипос мекунад. Ба назари ман, муваффақияти воқеии коргардон маҳз дар ҳамин аст.

- Шумо хатмкунандаи Институти давлатии кино ва телевизиони Санкт-Петербургҳастед. Чӣ хел шуд, ки он ҷо таҳсил кардед?

- Се сол пайиҳам барои гирифтани квотаи «Россотрудничество» ҳуҷҷат супоридам. Ду соли аввал ба ман мегуфтанд, ки барои ихтисоси режиссураи синамо квота ҷудо нашудааст. Хушбахтона, соли сеюм квота пайдо шуд. Ман тамоми марҳилаҳои озмунро дар Тоҷикистон ва Санкт-Петербург бо муваффақият гузаштам. Бо гирифтани бали зарурӣ, маро устоди беназир Ҳунарпешаи шоистаи Русия, барандаи ҷоизаи «Хирси тиллоӣ» ва чандин фестивалҳои байналмилалӣ Сергей Михайлович Овчаров ба шогирдӣ қабул кард. 

- Ҳоло дар Амрико ҳастед. Бигӯед, ки ба кадом корҳо бандед ва оё болои ягон лоиҳа кор карда истодаед?

- Ҳоло дар Амрико ба омӯзиши забони англисӣ машғулам ва ҳамзамон барои филмҳои ояндаам сенария менависам. Албатта, дар ҳоли ҳозир наметавонам пурра дар бораи филми навбатиам бигӯям, аммо гуфта метавонам, ки филми мазкур дар бораи модарест, ки барои ояндаи дурахшони фарзандонаш худро фидо мекунад.   

- Агар коргардон намешудед, ҳоло дар кадом соҳа худро тасаввур мекардед?

- Дар хурдӣ мехостам ҳавонавард шавам, вале нашуд. 

- Моҳи июн шумо дар Фестивали сеюми байналмилалии синамои кишварҳои Авруосиё «Евразия-Кинофест», ки дар Сочи баргузор шуд, ҳамчун ҳакам иштирок кардед. Ин таҷрибаи навро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Бо фестивали мазкур ман ду сол шуд шиносам. Солҳои аввал ҳамчун иштирокчӣ бо филмҳоям ширкат варзидам ва ҳамчун ҳакам даъват шуданам маро ҳайрон кард. Ин муваффақиятро танҳо аз худам намедонам, балки натиҷаи кори гурӯҳест, ки як ҷо филм сохтем ва ба чунин озмунҳо пешниҳод намудем.

- Ҳакам будан чӣ душворӣ дорад?

- Кори ҳайати ҳакамон вазифаи душвор ва пурмасъулият аст, зеро сарнавишти баҳодиҳӣ ба филмҳо то андозае ба қарори ту вобаста аст. Ҳар як муаллиф, ки кораш барои ширкат дар фестивал интихоб шудааст, нигоҳи хоси худро дорад ва ба филми хеш бо меҳру алоқамандии хос муносибат мекунад. Аз 19 филми барномаи озмунӣ моро лозим омад, ки танҳо се корро интихоб ва қадрдонӣ кунем. Ин интихоби осон набуд, зеро ҳар як филм ба тарзи худ сазовори эътироф буд.

- Кори эҷодиро баҳогузорӣ кардан осон нест. Ба назари шумо, оё як эҷодкор метавонад ба кори эҷодкори дигар холисона баҳо диҳад?

- Пеш аз он ки ба филми каси дигар баҳо диҳӣ, аввал бояд пурра ба достони он ворид шавӣ, эҳсосоти ҷокардаи муаллифро ҳис кунӣ ва андешаеро, ки мехоҳад ба бинанда расонад, дарк намоӣ. Барои ман, ки бори аввал ба чунин таҷриба рӯ ба рӯ шудам, душвор буд, зеро ҳар рӯз бояд чанд филмро тамошо мекардам ва пас аз он ба онҳо баҳо медодам. Ҳамчунин, ин раванд хеле ҷолибу муфид буд, чунки маро водор месохт, ки синаморо амиқтар таҳлил кунам, ба нияти муаллиф диққати бештар диҳам ва ба филмҳо аз зовияи комилан дигар нигоҳ кунам.

- Ба фикри шумо, кино чӣ рисолат дорад?

- Ба назарам, рисолати асосии синамо наздик кардани мардуми дунё тавассути як экран аст. Фикр мекунам, ин яке аз қавитарин роҳҳои шинохт, дарки фарҳанг ва забони якдигар мебошад. Синамо ба мо имкон медиҳад, ки зиндагии каси дигарро бубинем, эҳсосоташро ҳис кунем ва чизеро дарк намоем, ки баъзан бо сухан баён карданаш ғайриимкон аст.

- Бисёриҳо бар ин назаранд, ки намоишҳои театрӣ хусусияти тарбиявӣ доранд. Оё кино низ метавонад тарбия кунад?

- Филм набояд тарбия кунад. Он танҳо паҳлуҳои гуногуни ҳаёти қаҳрамонро нишон медиҳад ва инсонро ба тафаккур кардан водор месозад. Дар охир, қарорро худи тамошобин мебарорад ва албатта дар бораи ҳаёти қаҳрамон ва ҳодисаҳо хулоса мекунад.

- Синамо намудҳои гуногуни санъатро, аз ҷулма адабиёт, рассомӣ, мусиқӣ ва ғайраҳоро дар худ дорад. Барои шумо кадоме аз инҳо дар филм аввалиндараҷа аст? 

- Сенария дили филм, ороиши бадеӣ тан ва мусиқӣ рӯҳи он аст. Ҳамаи инҳо бо ҳам пайванди зич доранд. Аммо филм бидуни дил зиста наметавонад. Такрор кардани ин андеша шояд дилгиркунанда бошад, аммо наметавон суханони коргардони бузург Алфред Хичкокро ба ёд наовард: “Барои сохтани синамои бузург се чиз зарур аст - сенария, сенария ва боз ҳам сенария”.

- Имрӯз, ки ҷаҳон пур аз ҷангҳо, низоъҳо ва бӯҳронҳои ахлоқист, синамо ва коргардон чӣ гуна метавонанд ба инсоният кумак кунанд?

- Вақте синамо пайдо шуд, онро пеш аз ҳама ҳамчун василаи дилхушӣ мепазируфтанд. Одамон ба синамохонаҳо меомаданд, то биханданд, битарсанд, дар ҳайрат монанд ва лаҳзае мушкилоту камбудиҳои зиндагиро фаромӯш намоянд.  Аммо ба назарам, рафта-рафта синамо ба як воситаи муҳими баён кардани фикри худ ва мубодилаи андешаҳо дар бораи воқеаҳои ҷаҳон низ табдил ёфт. Имрӯз ин самт рушд мекунад ва аҳамияти бештар пайдо менамояд. 

- Чӣ гуна метавон синамои тоҷикро рушд дод? Мо ба ҷаҳониён чӣ гуфта метавонем, ки дигарон гуфта наметавонанд?

- Бо табиати беназир, фарҳанг, забон ва урфу одати худ мо метавонем дар тамоми ҷаҳон шинохта шавем. Анъанаҳо ва фарҳанги мо решаҳои ниҳоят қадимӣ доранд. Аммо агар дар бораи тарғибу ташвиқ дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон фикр кунем, яке аз дастрастарин роҳҳои наздиктар кардани синамои миллӣ ба бинандагон ин таъсис ва рушди киносервисҳои дохилӣ ба монанди «Кинопоиск» ва Netflix мебошад. Дар ин сурат ҳар як кас метавонад дар дилхоҳ вақт ва ҷои барояш қулай филмҳоро тамошо кунад. То ҷое ба ман маълум аст, имрӯз ҳадди ақал ду платформа «Кинохона» ва платформаи киностудияи «Тоҷикфилм» амал мекунанд. 

- Филми “Сарчашма” ё худ “Унгерния” кори дипломиатон мебошад, он чӣ хел таваллуд шуд?

- Ҳамааш дар соли аввали таҳсил дар Санкт-Петербург оғоз шуд. Дар дарси маҳорати сенаринависӣ ба мо супориш доданд, ки ҳикояҳои хурд нависем ва ба мо рӯйхати калимаҳои истифодашавандаро пешниҳод карданд. Чун муддати дароз аз падару модарам дур будам, маҳз ҳамин ҳолат маро ба андешаи нақл кардани чунин ҳикоя водор кард. Варианти аввалини он комилан дигар буд. Ман онро навиштаму супоридам ва аз ёд баровардам. Дар мавзӯи кори дипломӣ дигар ғояҳо низ доштам, аммо маҳз ҳамин ҳикоя маро ором намегузошт.

- Дар “Сарчашма” ҳунармандони маъруф аз ҷумла Фирӯз Умаров, Абдулмуъмин Шарифӣ, Зулфия Содиқова ва ғайраҳо нақш офаридаанд. Бигӯед, ки чӣ гуна устодони саҳнаро барои кори дипломии худ розӣ карда тавонистед? 

- Вақте ки аксҳои ҳунарпешагонамонро тамошо мекардам, ба сурати Фирӯз Умаров дучор омадам ва чашм канда натавонистам. Сипас, рӯзе ғайриинтизор ба Театри Лоҳутӣ рафта, сенарияи филмро ба устод супоридам. Дар намоише сахт банд буданд. Фикр кардам, ки ба гумон аст, розӣ шаванд. Аммо пас аз фурсате Фирӯз Умаров ба ман занг заданд. Дар бораи сенария чизе нагуфта, танҳо пурсиданд: «Филмбардорӣ кай? Дар куҷо сабт мекунед? Оё кӯҳҳо сард нестанд?» Ин суханон ба ман рӯҳбаландии бузург бахшиданд. Пас аз ин, ман ба ҷустуҷӯи дигар ҳунармандон оғоз намудам.

- Дар бораи филмҳои “Хирсҳо” ва “Падари ман” низ ба хонандагони мо маълумот диҳед. Чӣ гуна тавлид шуданд? Чӣ паём доранд?

- Идеяи филми «Хирсҳо» аввал дар шакли масал ва афсона пайдо шуд. Вақте навиштани ин достонро оғоз кардам, он дар бораи мӯйсафед ва наберааш буд, ки дар ҷангал мондаанд. Аммо ҳар бор, ки ба он бармегаштам, гӯё худаш маро ба кадом самте раҳнамоӣ мекард. Вақте ки сенарияро тамом кардам, фаҳмидам, ки дар заминаи он нигоҳи шахсии ман ва муносибатам бо бобоям мехобад. Аз ин рӯ, хеле мехостам ин ҳикояро ба филм табдил диҳам. Ин филм дар бораи душвориҳои ҳамдигарфаҳмии ду насли гуногун қисса мекунад. Пас аз намоиш, онро ҳам кӯдакон ва ҳам калонсолон бо гармии хос пазируфтанд. Ин аввалин филми кӯдаконаи ман буд ва метавон гуфт, ки маҳз ҳамин кор дари синаморо ба рӯям кушод. Сипас, ба ҷустуҷӯи идея барои филми навбатӣ оғоз кардам. Вариантҳо зиёд буданд, аммо рӯзе ба ман тавсия доданд, ки ҳикояи Ги де Мопассан «Падари Симон»-ро бихонам. Пас аз мутолиа, бо илҳоми он ба навиштани сенарияи шахсии худ оғоз кардам. Ҳангоми навиштани сенария ман танҳо ба асари Мопассан такя накардам, балки ба омӯзиши шахсии ин мавзуъ, мушоҳидаҳои фардӣ ва чизҳое, ки бароям наздику фаҳмо буданд, аҳамият додам. Филми “Падари ман” дар бораи Абдуллои хурдсол нақл мекунад, ки бе падар калон шуда, бо озору азият рӯбарӯ мегардад. Ба назараш чунин менамояд, ки бе падар зиндагӣ ҳеҷ маъное надорад. Душвортарин кор пайдо кардани қаҳрамони асосӣ писарбачае бо симои шарқиёна буд. Хушбахтона, ба ман муяссар шуд, ки ӯро пайдо кунам. Ӯ ва оилааш дар Махачқалъа ва ман дар Санкт-Петербург зиндагӣ мекардем. Онҳо розӣ шуданд ва ба Санкт-Петербург омаданд. 

- Ҳар як коргардон имзои хоси худро дорад. Шумо мехоҳед бинанда бо дидани кадом унсур дар филм бидонад, ки ин кори шумост?

- Ба назарам, вақте режиссор сабки худро пайдо мекунад, бинандагоне низ пайдо мешаванд, ки услуби кории ӯро мешиносанд ва маҳз барои тамошои филмҳои ӯ меоянд. Аммо намехоҳам, ки бо ман маҳз ҳамин тавр шавад. Барои ман офаридани ҳар як филм як раванди алоҳида ва беназир аст. Мехоҳам, ҳар як филми нав аз филми қаблӣ тафовут дошта бошад, ҳатто агар дар онҳо мавзуъҳо ё образҳои муайян бо ҳам алоқаманд бошанд. Муҳимтарин чиз ин аст, ки бинанда филмро эҳсос кунад, онро аз сари эҳсосот бигзаронад ва пас аз тамошо ба худ саволҳо диҳад. 

- Дар майдони наворбардорӣ чӣ гунаед? Оё ба ҳунармандон озодӣ медиҳед ё бояд он тавре ки ба шумо маъқул аст бозӣ кунанд?

- Дар майдони наворбардорӣ ман хеле ҷиддӣ ва серталаб ҳастам. Баъзан, барои тими корӣ ин чандон осон нест, аммо фикр мекунам, режиссор бояд нисбат ба кори худ серталабу масъулиятшинос бошад. Инчунин, кӯшиш мекунам, ки ба ҳунармандон илҳом бахшам, то ки корашонро софдилона ва бо меҳр иҷро кунанд. Вақти кор бо ҳунармандон кӯшиш мекунам, ба истеъдоду малакаҳояшон такя кунам, яъне онҳо ҳолатро чӣ гуна эҳсос мекунанд ва дар ҷойи қаҳрамон мебуданд, ин корро чӣ тавр иҷро мекарданд. 

Мусоҳиб 

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.