27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:09, Душанбе
22.08.2026 15:50

Пизишкиён: “Онҳое, ки душманро ба ҳамла ба Эрон даъват мекунанд, эронӣ нестанд”

Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон гуфт, созиши охир бо Амрико «бо иззат ва арзишманд» аст ва дар он ҳеч банде вуҷуд надорад, ки нишонаи таслимшавӣ бошад. Ӯ ҳамзамон таъкид кард, ки Теҳрон дар сурати ҳар гуна ҳамлаи нав «посухи кӯбанда» хоҳад дод.

Ба иттилои расонаҳои Эрон, Масъуд Пизишкиён, рӯзи ҷумъа, 21-уми августи соли 2026, дар 31-умин Маҷмаи умумии Анҷумани исломии ҷомеаи пизишкони Эрон суханронӣ карда, бо ёдоварӣ аз қурбониёни ҷанги ахир гуфт: “Ҳифзи ягонагии кишвар калиди пирӯзӣ дар муқобили душманон аст”.

Масъуд Пизишкиён афзуд, ки натиҷаи музокироти охир бо пуштибонии якдилонаи Шурои олии Амнияти миллӣ ба даст омадааст. Ба гуфтаи ӯ, созиши ҳосилшуда «бо иззат» аст ва тамоми уҳдадориҳои дар он пешбинишуда ба дӯши тарафи муқобил гузошта шудаанд.

Раиси ҷумҳури Эрон дар идомаи суханонаш аз онҳое интиқод кард, ки ба гуфтаи ӯ, бидуни огоҳӣ аз шароити ҳукумат, маҷлис ва фармондеҳони низомӣ вазъиятро таҳлил мекунанд.

Масъуд Пизишкиён бо ишора ба мафҳуми сулҳ дар таълимоти Ислом гуфт, сулҳ набояд ба маънои нодида гирифтани таҳдидҳои душман бошад. Ӯ таъкид кард, ки агар тарафи муқобил ба созиш даъват кунад, бояд ҳушёр монд ва ҳамзамон ба аҳд ва паймон содиқ буд. Бо ин ҳол, ӯ равшан кард, ки созиш маънои таслим шуданро надорад.

“Мо ба ҳеч ваҷҳ дар баробари зӯргӯйӣ сар хам нахоҳем кард”, - гуфт Пизишкиён ва афзуд, ки агар Эрон мавриди ҳамла қарор гирад, ба он посух хоҳад дод.

Президент ҳамчунин, гуфтааст, ҷанг бояд дар ниҳоят ба поён расад ва таъкид кардааст, ки ба назари ӯ, беҳтар аст ин раванд дар замоне анҷом шавад, ки Эрон худро дар мавқеи қудрат ва иззат мебинад.

Масъуд Пизишкиён яке аз муҳимтарин масъалаҳои Эронро ҳифзи ваҳдати миллӣ донистааст. Ӯ гуфта, ҷомеа бояд гуногунии ақидаҳо ва дидгоҳҳоро қабул кунад, зеро ихтилоф метавонад барои душманон имкони фишор овардан фароҳам созад. Ба гуфтаи ӯ, «агар бо ҳам бошем, қудратмандем ва агар ихтилоф дошта бошем, нобуд хоҳем шуд».

Президент ҳамчунин, аз нақши мардум дар муқобила бо ҳамлаи хориҷӣ ситоиш карда ва гуфтааст, онҳое, ки аз берун аз марз душманро ба ҳамла ба Эрон ташвиқ мекунанд, сазовори маҳкумият ҳастанд. Дар баробари ин, ӯ аз шаҳрвандоне, ки дар рӯзҳои буҳронӣ аз Эрон ҳимоят кардаанд, қадрдонӣ намудааст.

Масъуд Пизишкиён эътироф кардааст, ки ҷанг ва таваррум ба зиндагии мардум мушкилоти ҷиддӣ ворид кардааст. Ӯ гуфта, масъулини давлат вазифадоранд мушкилоти мардумро ҳал кунанд ва барои ӯ қобили қабул нест, ки шаҳрвандон дар таъмини хароҷоти рӯзгор, тандурустӣ ва табобат ба мушкил рӯбарӯ шаванд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.