Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона маълум шуд
Ситоди мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии Игор Ангеловский ҳайати васеи дастаро барои бозиҳои дӯстонаи моҳҳои сентябр ва октябр эълон кард.
Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст, дар рӯзҳои ФИФА-и моҳҳои сентябр ва октябр тими миллии Тоҷикистон се бозии дӯстона баргузор мекунад.
Гуфта мешавад, ки 23-юми сентябр мунтахаби мо дар шаҳри Боку бо тими миллии Озарбойҷон рақобат мекунад. Инчунин, дар назар аст, ки аввали моҳи октябр мунтахаби Тоҷикистон дар сафар боз ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Тибқи иттилои дастрас, ба ҳайати васеи мунтахаби Тоҷикистон 38 футболбоз шомил шудаанд, аз ҷумла 4 дарвозабон, 12 ҳимоятгар, 16 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагар. Афзуда мешавад, ки аз ин шумора 26 бозигар барои иштирок дар ҷамъомади таълимию тамринӣ, ки рӯзи 17-уми сентябр оғоз мешавад, даъват хоҳанд шуд.
Маълум шуд, ки ба далели доштани ҷароҳат дар бозиҳои дӯстонаи дарпешистода ҳимоятгар Манучеҳр Сафаров ва нимҳимоятгар Амадонӣ Камолов иштирок карда наметавонанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”