Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Дархост”-и тоҷикон барои гирифтани “виза”-и Чин зиёд шудааст
Бо фаро расидани оғози соли нави таҳсил дар донишгоҳҳои Чин теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои гирифтани раводид (виза) ба сафорати ин кишвар дар Душанбе муроҷиат мекунанд, зиёд шудааст.
Го Ҷитсзюн, сафири Ҷумҳурии халқии Чин дар Тоҷикистон чанд рӯз пеш бо донишҷӯён ва дигар шаҳрвандони тоҷик, ки барои сафар ба Чин омодагӣ мебинанд, мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни ин мулоқот сафир аз ҳозирин дар бораи ҳадафҳои сафарашон пурсида, бо онҳо масъалаҳои марбут ба раванди гирифтани визаро баррасӣ кард. Шаҳрвандони тоҷик андешаву пешниҳодҳои худро оид ба сифати хизматрасониҳои вобаста ба виза баён намуданд.
Донишҷӯёни тоҷик аз имконияти таҳсил дар донишгоҳҳои Чин истиқбол намуда, зикр карданд, ки барои оғози таҳсил ва зиндагӣ дар ин кишвар бесаброна интизорӣ мекашанд. Онҳо, ҳамчунин, изҳори умед намуданд, ки таҷрибаи бадастовардаашон дар оянда ба таҳкими робитаҳои Тоҷикистон ва Чин мусоидат хоҳад кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”