27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:06, Душанбе
21.08.2026 19:25

Трамп Эронро бо “таҳрими иқтисодии хафакунанда” таҳдид кард. Шарикони тиҷоратии Эрон коҳоянд?

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар тозтарин лаҳни худ Эронро ба “таҳримҳои иқтисодии хафакунанда” таҳид кард. Шарикони Эронро низ таҳдид кард, ки аз ин кишвар ҳимоят накунанд. Таҳдиди Президенти Амрико барои ба роҳ андохтани ҷанги бесобиқаи иқтисодӣ ва ба “блокада” -и бештар кашидани Эрон метавонад барои кишварҳое, ки бо Теҳрон равобити иқтисодӣ, ба вижа тиҷоратӣ доранд, паёмадҳои ҷиддӣ дошта бошад. Дар ҳушдори охири худ Доналд Трамп гуфт, ҳар кишваре, ки аз Эрон пуштибонӣ мекунад, ба оқибатҳои иқтисодӣ метавонад рӯ ба рӯ шавад.

Бо вуҷуди таҳримҳои шадиди Амрико, кишвари Эрон дар солҳои охир бо як қатор кишварҳои дуру наздики атрофаш равобити тиҷоративу иқтисодӣ доштааст. Дар забони иқтисод ин кишварҳоро шарики тиҷоратии Эрон меноманд. Шарикони Эрон кадом кишварҳо мебошанд?

Покистон

Барои Покистон ҳар гуна иқдоми ИМА бар зидди кишварҳое, ки бо Эрон тиҷорат ё ҳамкорӣ доранд, метавонад зарбаи ҷиддӣ бошад. Таҳлилгарон мегӯянд, ин масъала дар замоне матраҳ мешавад, ки Исломобод ва Теҳрон барои афзоиши ҳаҷми тиҷорати дуҷониба то 10 миллиард доллар талош доранд.

Пас аз таҳримҳои қаблии зидди Эрон, тиҷорати расмии миёни ду кишвар амалан қатъ шуда буд. Аммо тибқи омори ғайрирасмӣ, тиҷорати ғайрирасмӣ ҳаҷми содироту воридоти ду ҷонибро ба тақрибан 4 миллиард доллар расондааст. Баъд аз имзои созишномаи муваққатии Исломобод дар моҳи июн, талошҳо барои густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ босуръат идома ёфтанд. Покистон ва Эрон солҳои зиёд тавассути каналҳои ғайрирасмӣ нафт, гандум, биринҷ, чорво ва доруворӣ мубодила мекунанд.

Ҳиндустон

Тиҷорати Ҳиндустон бо Эрон соли 2020, пас аз идомаи сиёсати таҳримии Вашингтон бар зидди Теҳрон, ба таври назаррас коҳиш ёфт. Ҳаҷми тиҷорати дуҷониба дар соли молии 2019-2020 коҳиш ёфта, аз 17 миллиард доллар дар соли қаблӣ ба тақрибан 4,8 миллиард доллар расид.

Дар солҳои баъдӣ ин тиҷорат боз ҳам коҳиш ёфт. Тибқи маълумоти Вазорати тиҷорати Ҳиндустон, ҳаҷми он дар соли молии 2025-26 ба 1,63 миллиард доллар расидааст. Содироти Ҳиндустон, ки 1,3 миллиард долларро ташкил медиҳад, қисми асосии ин тиҷорат аст. Деҳлии Нав ба Эрон асосан ғалладона, чой, қаҳва ва ҳанут содир мекунад.

Мақомоти Ҳиндустон қаблан таъкид карда буданд, ки ин гуна содирот бо далелҳои башардӯстона идома дорад ва набояд таҳти таҳримҳо қарор гирад.

Чин

Чин бузургтарин харидори нафти Эрон аст ва агар Трамп таҳдиди худро амалӣ кунад, Пекин метавонад барои хариди нафти Эрон ба фишори бештар аз ҷониби Вашингтон рӯ ба рӯ шавад.

Дар тӯли даҳсолаи гузашта Чин низоми алоҳидаи корхонаҳои коркарди нафтро ба вуҷуд овардааст, ки асосан нафти Эронро коркард мекунанд ва робитаи зиёде бо низоми молиявии ИМА надоранд.

Ба гуфтаи манбаъҳо дар корхонаҳои коркарди нафт ва тоҷирони ин соҳа, нафти Эрон, ки ба Чин интиқол меёбад, муддати тӯлонӣ ҳамчун нафти Малайзия ва дар солҳои охир ҳамчун нафти Индонезия муаррифӣ шудааст. Ин тиҷорат тавассути шабакаи миёнаравҳое анҷом мешавад, ки пайгирии онҳоро душвор мекунад ва пардохтҳо асосан бо пули Чин сурат мегиранд.

Дар моҳи апрел Вазорати молияи ИМА бар зидди як корхонаи мустақили коркарди нафт дар Чин барои хариди миллиардҳо доллар нафти Эрон таҳрим ҷорӣ кард. Вашингтон ҳамчунин, ба бонкҳои чинӣ ҳушдор дод, ки дар сурати мусоидат ба тиҷорати нафти Эрон метавонанд ба таҳримҳои дуюмдараҷа рӯ ба рӯ шаванд.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин Лин Сзян гуфт, ки таҳрим ва фишор мушкилро ҳал нахоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи ҷонибҳои дахлдор бояд барои ҳалли масъала аз роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ истифода кунанд.

Беш аз 80 дарсади нафти содиротии Эрон ба Чин меравад. Корхонаҳои мустақили коркарди нафт дар Чин аз нархи арзонтари нафти таҳти таҳримҳои ИМА қарордошта истифода мебаранд.

Тибқи арзёбии “Kpler”, Чин дар соли 2025 ба ҳисоби миёна ҳар рӯз 1,38 миллион бушка нафт аз Эрон харидорӣ кардааст.

Амороти Муттаҳидаи Араб

Амороти Муттаҳидаи Араб дар тӯли солҳои зиёд яке аз муҳимтарин роҳҳои ҳаётии иқтисодии Эрон ба шумор мерафт. Бонкҳои Дубай низ муддати тӯлонӣ миқдори зиёди пасандозҳои марбут ба Эронро нигоҳ медоштанд, ки қисми зиёди онҳо ҳоло таҳти таҳримҳои ИМА масдуд шудаанд.

Тибқи охирин маълумоти Созмони ҷаҳонии савдо, АМА пеш аз ҷанг яке аз бузургтарин шарикони тиҷоратии Эрон буд. Ин кишвар дар соли 2024 тақрибан 30 дарсади воридоти Эронро, ки арзиши умумии он 21 миллиард доллар буд, таъмин кардааст. Ҳамчунин, 13 дарсади содироти Эрон ба АМА рост меомад.

Тибқи маълумоти Вазорати иқтисоди АМА, ҳаҷми тиҷорати ғайринафтии ду кишвар дар соли 2024 ба 6,6 миллиард доллар расидааст. Қисми асосии ин тиҷоратро бозсодирот ташкил медиҳад.

Аммо ҳамин ҳафта АМА эълом кард, ки то огоҳии минбаъда тамоми муомилоти молиявӣ ва иқтисодӣ бо Эронро бозмедорад. Абу-Забӣ ин қарорро бо афзоиши танишҳои низомӣ ва таҳдиди мушакии Теҳрон асоснок кард.

Туркия

Туркия ва Эрон робитаҳои назарраси иқтисодиро нигоҳ медоранд. Туркия аз Эрон гази табиӣ ворид карда, ба ин кишвар маҳсулоти саноатӣ ва истеҳсолӣ содир мекунад. Анқара то кунун омодагии худро барои маҳдуд кардани тиҷорат бо Эрон нишон надодааст. Ҳаҷми тиҷорати дуҷониба солона тақрибан 5 то 6 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки тақрибан 3 миллиард доллари онро содироти Туркия ба Эрон ташкил медиҳад. Туркия тақрибан тамоми гази табиии мавриди ниёзи худро ворид мекунад ва Эрон яке аз манбаъҳои муҳимми он аст. Эрон 13 дарсади тамоми воридоти гази Туркияро таъмин мекунад.

Ироқ

Тибқи омори расмии тиҷоратии Ироқ, ҳаҷми тиҷорати ин кишвар бо Эрон дар соли 2025 аз 10 миллиард доллар гузашт. Ин равобит асосан аз содироти маҳсулоти ғизоӣ, молҳои истеъмолӣ ва дигар маҳсулоти Эрон ба бозори Ироқ сарчашма мегирад.

Аммо пас аз оғози ҷанг дар Эрон дар соли 2026 тиҷорат коҳиш ёфт. Муҳаммад Карим, як масъули Вазорати тиҷорати Ироқ, гуфт, ки афзоиши хатарҳои амниятӣ дар минтақа боиси қатъшавии давра ба давраи фаъолияти гузаргоҳҳои муҳимми марзӣ ва болоравии хароҷоти нақлиёт шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин омилҳо дар баробари халалдор шудани занҷираҳои таъминот ҳаҷм ва эътимоднокии тиҷорати фаромарзиро коҳиш додаанд. Бо вуҷуди ин, ду кишвар ҳамчунон шарикони муҳимми тиҷоратӣ боқӣ мемонанд.

Энергетика бахши калидии ин муносибат аст. Ба гуфтаи мақомоти энергетикии Ироқ, Бағдод ҳамасола барои гази табиӣ ба Эрон тақрибан 4 то 5 миллиард доллар пардохт мекунад. Ин газ барои тавлиди нерӯи барқ истифода мешавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.