27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:42, Душанбе
21.08.2026 18:56

Ҷанги шадид дар Бадахшон. Ҷабҳаи озодӣ аз талафоти Толибон хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон мегӯяд, дар пайи даргирии шадид бо гурӯҳи террористии Толибон дар ноҳияи Зебоки вилояти Бадахшон, ба нерӯҳои ин гурӯҳ талафоти сангин ворид шудааст.

Ба гуфтаи ин ҷабҳа, даргирӣ шоми панҷшанбе, 20-уми август тақрибан соати 16:00 оғоз шуда, то соати 19:30 идома кардааст. Дар ин набард, ба иттилои Ҷабҳаи озодӣ, аз силоҳҳои сабук ва сангин истифода шуда, мавқеъҳои Толибон ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд.

Ҷабҳаи озодии Афғонистон иддао кардааст, ки дар натиҷаи ин даргирӣ шаш ҷангҷӯи Толибон кушта ва дастикам 10 нафари дигар захмӣ шудаанд. Гуфта мешавад, ҷасади шаш нафар дар майдони ҷанг боқӣ монда, захмиён барои табобат ба марказҳои тиббии ноҳияи Зебок ва шаҳри Файзобод интиқол дода шудаанд.

Ин ҷабҳа ҳамчунин, гуфтааст, ки Толибон талош кардаанд мавқеъҳои нерӯҳои онро тасарруф кунанд, аммо ин кӯшиш ноком шуда, нерӯҳои Толибон маҷбур ба ақибнишинӣ шудаанд. То замони нашри ин хабар, ин иддаоҳо аз ҷониби манбаъҳои мустақил ё Толибон ба таври алоҳида тасдиқ нашудаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.