27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:42, Душанбе
21.08.2026 18:43

Алишер Раҳимов пешниҳоди «БроукБойз»-и Русияро баррасӣ дорад

Футболбози тоҷик Алишер Раҳимов метавонад фаъолияти худро дар дастаи медиавии Русия «БроукБойз» идома диҳад. Клуб ба бозигар барои бозгашт пешниҳод фиристодааст.

Райзен, яке аз роҳбарони «БроукБойз» гуфт, ки Алишер Раҳимов ба ин пешниҳод таваҷҷуҳ дорад. Бо вуҷуди ин, футболбоз қабл аз қабули қарор бояд бо мушовири худ машварат кунад.

«Мо ба Алишер Раҳимов пешниҳод кардем. Ӯ ба он таваҷҷуҳ дорад, вале мехоҳад пеш аз тасмим бо мушовираш суҳбат кунад», — гуфт Райзен.

Тибқи гуфтаи  ӯ, эҳтимоли бозгашти Алишер Раҳимов ба «БроукБойз» вуҷуд дорад. Футболбози тоҷик ҳоло дар Маскав қарор дошта, тамрин мекунад.

Алишер Раҳимов қаблан дар ҳайати «БроукБойз» -и Русия дар WINLINE Медиалига баромад карда буд. Ӯ дар мавсими панҷум бо даста ба унвони ноиб-қаҳрамон расид ва дар мавсими шашум қаҳрамони мусобиқа шуд. Пеш аз ин футболбоз барои «Амкал» низ бозӣ кардааст.

Моҳи феврали соли 2025 Алишер Раҳимов «БроукБойз»-ро тарк карда, барои идомаи фаъолияти касбӣ ба футболи Беларус ва Тоҷикистон рафт. Дар чемпионати Беларус ӯ барои «Сморгон» 9 бозӣ анҷом дода, як гол зад. Дар ҳайати «Нафтан» бошад, 15 бозӣ карда, чор гол ба самар расонд.

Дар чемпионати Тоҷикистон Алишер Раҳимов дар «Равшан»-и Кӯлоб ҳашт вохӯрӣ гузаронида, як партофти головар анҷом додааст.

Ҳоло бозгашти Алишер Раҳимов ба «БроукБойз» ниҳоӣ нашудааст. Қарори футболбоз пас аз машварат бо мушовираш ва баррасии пешниҳодҳои эҳтимолӣ аз клубҳои футболи касбӣ маълум хоҳад шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.