Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Русия мегӯяд, Эрон барои музокирот бо ИМА таҳти фишори Маскав нест
Русия мегӯяд, Эрон бояд мустақилона дар бораи идомаи музокирот бо Амрико қарор қабул кунад ва Маскав қасд надорад Теҳронро барои бозгашт ба мизи музокирот таҳти фишор қарор диҳад.
Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид, дар нишасти хабарӣ дар Ню-Йорк гуфт, Маскав дар муносибат бо Эрон аз сиёсати фишор истифода намекунад.
«Эрон кишвари мустақил ва соҳибихтиёр аст ва худаш дар ин бора қарор қабул мекунад», — гуфт Василий Небензя дар посух ба суоли хабарнигорон.
Ба гуфтаи Василий Небензя Русия бо ҷониби Эрон дар бораи вазъи мавҷуда гуфтугӯ кардааст, аммо Маскав масъулияти Теҳронро барои оғози низоъ ё идомаи он қабул надорад. Дипломати рус ИМА-ро ба анҷоми як амали «беасос ва беандешаи душманона» алайҳи Эрон муттаҳам карда, гуфт, набояд Теҳронро барои бунбасти баамаломада гунаҳкор донист.
Василий Небензя ҳамчунин, гуфт, ба назари ӯ, Эрон аз иҷрои тавофуқҳое, ки қаблан бо миёнаравии кишварҳои дигар миёни Теҳрон ва Вашингтон ба даст омада буданд, ақибнишинӣ накардааст. Дар мавриди эҳтимоли таҳримҳои нави ИМА алайҳи Эрон ва фишор ба кишварҳое, ки ҳамкориҳои худро бо Теҳрон идома медиҳанд, Небензя гуфт, Русия ба чунин фишорҳо одат кардааст.
«Мо таҳримҳои зиёд ва талошҳои мухталиф барои ҷудо кардани иқтисоди Русияро дидаем. Аз ин рӯ, ба чунин таҳдидҳо аҳамияти зиёд намедиҳем», — гуфт Василий Небензя.
Намояндаи Русия, инчунин, ба пешниҳоди Доналд Трамп, президенти ИМА, дар бораи эълон кардани тангаи Ҳурмуз ҳамчун қаламрави Амрико вокуниш нишон дод. Небензя гуфт, барои ӯ маълум нест, ки чунин иқдом чӣ гуна метавонад ба ҳуқуқи байналмилалӣ мутобиқ бошад. Ӯ ҳамчунин, ба изҳороти Трамп дар бораи соҳибихтиёрӣ бар баъзе минтақаҳо, аз ҷумла Венесуэла ва Гренландия ишора карда гуфт, ки президенти ИМА барои суханони худ масъул аст ва ҳоло маълум нест, ки ин пешниҳодҳоро чӣ гуна амалӣ хоҳад кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”