Дар 9 моҳи соли 2026 беш аз 36 ҳазор шаҳрванди Қазоқистон ба Тоҷикистон сафар кардаанд
Ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария дар соҳаи сайёҳӣ рушд мекунад
Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии рушди сайёҳӣ берун монд
Иқтисоди Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2026 8,3 фоиз рушд кардааст
Неругоҳи офтобии ноҳияи Ашт ба истеҳсоли неруи барқ шуруъ кард
Маркази матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки неругоҳи офтобии ноҳияи Ашт ба истеҳсоли аввалин киловатт-соатҳои неруи барқ оғоз намуда, неруи барқи истеҳсолшуда ба шабакаи барқии кишвар интиқол дода шуд.
"Ин рӯйдоди муҳим қадами ҷадид дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ ва таҳкими заминаҳои энергетикии кишвар ба ҳисоб меравад", - навиштааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ моҳи ноябри соли 2025 оғоз гардида буданд ва ҳоло марҳилаи аввали неругоҳ ба истифода шуда, давоми соли ҷорӣ навбатҳои дигари он низ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Иттилоъ дода мешавад, ки иқтидори неругоҳ 250 МВт буда, истеҳсоли миёнасолонаи неруи барқ 435 млн кВт·соат мебошад.
Зикр мегардад, ки иншооти мазкур аз ҷониби сармоягузори ватанӣ ҶДММ «Аён Энерҷӣ» ва паймонкор ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» бунёд шуда истодааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад