27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Ҷанг бар сари як калима: чаро «атеист» будани Айнӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс барангехт?
Як баҳс дар бораи ҷаҳонбинии Садриддин Айнӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дубора суоли кӯҳнаро ба миён гузошт: оё устоди адабиёти муосири тоҷикро метавон бо як калима, «атеист» тавсиф кард?
Барои ҷонибдорони ин назар, танқиди сахти хурофот, рӯҳониёни мутаассиб ва сохторҳои суннатии ҷомеаи Бухоро далели тавсифи ҷаҳонбинии Айнӣ ва наздик шудани ӯ ба андешаҳои материалистӣ мебошад. Муаллифони баҳс мегӯянд, чунин хулоса метавонад шахсияти мураккаби нависандаро ба “як тамғаи идеологӣ” табдил диҳад. Дар замони Шӯравӣ дар зери таъсири идеология аз осори Ҳофиз, Ҷомӣ ва дигар классикон истилоҳҳои «материализм» ва «сотсиализм» берун кашида, онҳоро чун “материалист” ва “сотсиалист” муаррифӣ мекарданд.
Матолиби илмӣ низ нишон медиҳад, ки масъалаи ҷаҳонбинии Айнӣ сода нест. Муҳаққиқон ба таҳаввули фикрӣ, фаъолияти маорифпарварӣ ва муносибати ӯ ба адабиёти классикӣ дар давраҳои гуногуни ҳаёташ таваҷҷуҳ мекунанд.
Айнӣ пеш аз ҳама фарзанди Бухоро буд
Садриддин Айнӣ дар муҳити фарҳангӣ ва мазҳабии Бухоро ба воя расид. Ӯ дар мадрасаҳо таҳсил кард ва бо улуми маъмули замона, аз ҷумла илмҳои динӣ ва адабиёти классикии форсу тоҷик, ошно шуд.
Муҳаққиқони фаъолияти омӯзгории ӯ махсусан ба китобҳое чун «Зарурияти динӣ» ва «Таҳзиб-ус-сибён» ишора мекунанд, ки дар оғози фаъолияти ӯ барои таълиму тарбияи насли нав навишта шудаанд. Ин ҷузъиёти зиндагии Айнӣ як далели муҳимро нишон медиҳад: ҷаҳонбинии ӯро наметавон аз муҳити мадрасаҳои Бухоро ҷудо кард. Аммо зиндагии фикрии ӯ дар ин ҷо тамом намешавад. Устод Айнӣ баъдтар ба маорифпарварӣ, мактабҳои усули нав ва идеяҳои ислоҳи ҷомеа рӯ овард. Дар навиштаҳояш маорифро яке аз роҳҳои асосии раҳоии ҷомеа аз ҷаҳолат медонист.
Дар яке аз мақолаҳои ӯ дар бораи маориф ишора шудааст: “Агар мо ... ҳуқуқ хоҳем, бо иборати кӯтоҳ, агар мо ҳаёт хоҳем, бояд ... ба шоҳроҳи маориф ва танвири афкор роҳсипор гардем...” Ин ҷумла аз он шаҳодат медиҳад, ки дар маркази таваҷҷуҳи Айнӣ на фақат баҳси динӣ, балки маориф, бедории фикрӣ ва тағйири ҷомеа мақоми хос дошт.
Танқиди Айнӣ аз дин буд ё хурофот?
Маҳз ба миён гузоштани суоли душмани Айнӣ дин буд ё хурофот баҳси «атеизми Айнӣ» печидатар мешавад. Дар осори ӯ танқиди сахти хурофот ва рӯҳониёни мутаассиб фаровон аст. Аммо аз нигоҳи таърихи андеша байни танқиди хурофот ва инкори вуҷуди Худо фарқ гузоштан зарур аст. Яке аз таҳқиқоти марбут ба муносибати Айнӣ ба дин ва хурофот низ маҳз ба муборизаи ӯ бо хурофот ва ҷаҳолат таваҷҷуҳ мекунад. Айнӣ ҷомеаи Бухороро аз даруни он мешинохт. Ӯ мадраса, рӯҳониён, низоми таълим ва муносибатҳои иҷтимоии он давраро аз таҷрибаи шахсӣ медид. Аз ҳамин сабаб, баъзе тасвирҳои ӯ аз Бухорои суннатӣ чунон муҳит сохтааанд, ки имрӯз метавонанд ба осонӣ ҳамчун матнҳои зиддидинӣ хонда шаванд. Аммо танқиди як табақаи иҷтимоӣ ҳанӯз далели кофӣ барои муайян кардани мавқеи фалсафии муаллиф нест.
Худи Айнӣ чӣ мегӯяд?
Шояд беҳтарин роҳи ворид шудан ба баҳс, руҷуъ ба осори худи Айнӣ бошад, на ба тамғаҳои идеологие, ки баъд ба ӯ мечаспонанд ё часпонидаанд. Дар «Ёддоштҳо» ӯ аз Бухоро, мадраса, устодон, рӯҳониён ва зиндагии мардум бо ҷузъиёти фаровон менависад. Ин асар имрӯз яке аз муҳимтарин сарчашмаҳои адабии шинохти ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии Бухорои охири асри XIX ва аввали асри XX ба шумор меравад. Пажӯҳишгарони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ онро қуллаи эҷодиёти Айнӣ медонанд. Худи Айнӣ дар номае ба Мирзо Турсунзода аҳамияти таърихии «Ёддоштҳо»-ро чунин шарҳ дода буд: «Ёддоштҳо боз як фоида дорад, ки камбудии таърихи адабиёти моро пур мекунад.» Ин ҷумла муҳим аст. Айнӣ «Ёддоштҳо»-ро танҳо ёддоштҳои шахсӣ ё афкори шахсӣ намедид. Ӯ мехост як ҷаҳони азбайнрафтаро барои наслҳои баъдӣ сабт кунад. Ва маҳз ҳамин асар метавонад барои фаҳмидани ҷаҳонбинии ӯ аз ҳар гуна тамғачаспонӣ муҳимтар бошад.
«Намунаи адабиёти тоҷик» — дигар далели муҳим
Як ҷанбаи дигаре, ки дар баҳсҳои шабакаҳои иҷтимоӣ камтар ба назар мерасад, муносибати Айнӣ ба мероси классикии форсу тоҷик аст. «Намунаи адабиёти тоҷик», ки соли 1926 нашр шуд, на танҳо маҷмуаи шеърҳо ва намунаҳои насрӣ нест, балки талоши бузурги Айнӣ барои нишон додани пайванди таърихии адабиёти тоҷик буд. Китоб имрӯз низ ҳамчун яке аз корҳои калидии Айнӣ дар таърихи адабиётшиносии тоҷик арзёбӣ мешавад.
Адабиётшиносон дар таҳқиқоти худ таъкид мекунанд, ки осори илмӣ-таърихии Айнӣ дар бораи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Восифӣ, Навоӣ ва Бедил баъд аз сад сол ҳам арзиши илмӣ ва адабии худро аз даст нахоҳанд дод. Ин ҷо як нуктаи ҷолиб ба миён меояд: агар Айнӣ танҳо як «чеҳраи идеологии Шӯравӣ» мебуд, шарҳи муносибати ӯ ба классикон то ин дараҷа мураккаб намешуд.
Таҳқиқоти илмӣ дар бораи Айнӣ бештар ӯро ҳамчун шахсияте нишон медиҳанд, ки ҷаҳонбинӣ ва фаъолияти адабию иҷтимоияш дар заминаи таҳаввулоти бузурги таърихӣ ташаккул ёфтааст. Худи мавҷудияти баъзе пажӯҳишҳои чандсадсаҳифагӣ нишон медиҳад, ки мероси Айнӣ танҳо бо як ҷанбаи сиёсӣ ё мазҳабӣ маҳдуд намешавад.
Доктори илмҳои филологӣ Наргис Аслонов низ дар таҳқиқоти худ масъалаи дидгоҳҳои адабӣ ва эстетикии Айниро ҳамчун мавзуи мустақили илмӣ баррасӣ кардааст. Ин як ишораи муҳим аст: “Дар адабиётшиносии касбӣ Айнӣ ҳамчун шахсияти дорои таҳаввули фикрӣ ва дидгоҳҳои гуногунҷанба омӯхта мешавад, на танҳо ҳамчун намояндаи як мафкура”.
Аз «материализми Ҳофиз» то «атеизми Айнӣ»
Ҳамин ҷо баҳси имрӯза ба як масъалаи бузургтар табдил меёбад. Дар замони Шӯравӣ адабиёти классикӣ аксаран бо забони идеология шарҳ дода мешуд. Ҳофизро «материалист», Ҷомиро пешгузаштаи баъзе ғояҳои иҷтимоӣ ва дигаронро бо истилоҳҳои сиёсии асри XX тавсиф мекарданд. Имрӯз низ васвасаи дигар кардани гузашта ба талаботи замон аз байн нарафтааст. Фақат луғат дигар шудааст. Дирӯз «материалист» ё «сотсиалист» будан муҳим буд. Имрӯз мумкин аст тамғаи «атеист», «демократ» ё ҳатто мафҳумҳои дигари муосир ба шахсияти таърихӣ нисбат дода шавад. Аммо гузаштагон наметавонанд ба ин тамғаҳо посух диҳанд. Онҳо танҳо осорашонро боқӣ гузоштаанд. Бояд гуфт, ки тағйири муносибати Айнӣ ба дин, хурофот, рӯҳоният ва сохтори ҷомеа мавзуи воқеии таҳқиқоти илмӣ буда метавонад.
Масъала дар он аст, ки чунин хулоса бояд аз маҷмуи осор, таърихи зиндагӣ ва таҳаввули фикрии ӯ бароварда шавад, на аз як ё ду иқтибос.
Айнӣ ҳамон ҷавоне буд, ки дар муҳити мадрасавӣ таҳсил кард. Ӯ ҳамон маорифпарваре буд, ки ба «танвири афкор» даъват мекард. Ӯ ҳамон нависандае буд, ки хурофот ва зулми иҷтимоиро сахт танқид мекард. Ва ӯ ҳамон муҳаққиқе буд, ки барои ҳифзи мероси Рӯдакӣ, Сино, Саъдӣ, Бедил ва дигарон талош кард.
Ҳамаи инҳо якҷоя Айнӣ мебошанд
Мушкил дар худи калимаи «атеист» аст. Баҳс шояд дар ниҳоят на дар бораи он бошад, ки Айнӣ ба Худо бовар дошт ё не. Масъала ин аст, ки мо мафҳуми «атеист»-ро ба шахсияти таърихии асрҳои XIX ва XX бо кадом маъно истифода мебарем. Оё мақсад инкори фалсафии вуҷуди Худост? Ё мубориза бо хурофот? Ё мухолифат бо истифодаи дин барои ҳокимияти сиёсӣ? Ё қабули ҷаҳонбинии материалистии шӯравӣ? Инҳо мафҳумҳои яксон нестанд. Ва агар онҳоро ба ҳам омехта кунем, метавонем ба ҷои Айнӣ як образи дигар созем. Образе, ки бештар ба эҳтиёҷи баҳси имрӯзӣ ҷавоб медиҳад, то ба шахсияти воқеии таърихӣ.
Шояд беҳтарин хулоса ин бошад: Айниро на бояд сафед кард, на сиёҳ, бояд хонд. Зеро ҳар боре ки ҷомеа кӯшиш мекунад гузаштагонро ба як тамғаи омода маҳдуд кунад, эҳтимол дорад, ки худи гузашта аз дасти мо мегурезад.
Ва Айнӣ, бо тамоми зиддиятҳо, тағйирот ва ҳавзаҳои фикриаш, аз ҷумлаи он шахсиятҳое мебошад, ки бо як ҷумлаи фишурда гӯем, "хеле бузург аст".
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”