Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Коршинос: Бонки рушди СҲШ метавонад ба ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ мусоидат кунад
Коршиноси қирғиз мегӯяд, таъсиси Бонки рушди Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) метавонад ба густариши истифодаи асъорҳои миллӣ дар муомилоти тиҷоратӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои мутақобилаи кишварҳои узви созмон мусоидат кунад
Нурбек Муқанбаев, устоди Пажӯҳишгоҳи омӯзиши Қирғизистону Чин дар Донишгоҳи миллии Қирғизистон гуфт, таъсиси як ниҳоди молиявии мустақил дар чаҳорчӯби СҲШ дар шароити кунунӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, афзоиши тадриҷии истифодаи асъорҳои миллӣ дар тиҷорати байни кишварҳои узви СҲШ яке аз самтҳои муҳимми ҳамкории иқтисодӣ дар доираи созмон мебошад.
Муқанбаев гуфтааст, таъсиси Бонки рушди СҲШ метавонад механизми муносиб барои татбиқи ин раванд ва фароҳам кардани зерсохтори зарурӣ барои гузариш ба ҳисоббаробаркуниҳо бо асъорҳои миллӣ бошад.
Ин коршинос ҳамчунин, изҳори умедворӣ кардааст, ки дар нишасти ояндаи сарони СҲШ қарорҳои мусбат дар бораи пешбурди раванди таъсиси ин бонк қабул хоҳанд шуд.
Бо вуҷуди ин, Муқанбаев таъкид кардааст, ки тасмими ниҳоӣ дар бораи таъсиси Бонки рушди СҲШ ба зиммаи сарони давлатҳо ва ниҳодҳои салоҳиятдори кишварҳои узви созмон қарор дорад ва арзёбии ӯ танҳо пешбинии коршиносӣ аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”