Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Хуршед Мирзо ва Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон масъалаи рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самти технологияҳои рақамӣ ва инноватсияро баррасӣ карданд
21-уми август дар IT-Park Dushanbe директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни мулоқот таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самти технологияҳои рақамӣ ва инноватсия, рушди сармояи инсонӣ, иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ зоҳир гардид.
Гуфта мешавад, ки масъалаи ба роҳ мондани робитаҳои мустақим миёни Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон ва муассисаҳои таълимии олии Ҷумҳурии Ҳиндустон дар самтҳои технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва амнияти киберӣ, аз ҷумла тавассути табодули донишҷӯёну омӯзгорон, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддат мавриди муҳокима қарор гирифт.
“Ҷонибҳо ҳамчунин зарурати густариши робитаҳо миёни бахшҳои хусусии ду кишвар, ширкатҳои технологияҳои иттилоотӣ, стартапҳо ва марказҳои инноватсиониро таъкид намуданд. Дар ин самт, имкониятҳои ташкили миссияҳои тиҷоратӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштараки технологӣ, ки метавонанд дар оянда ба рушди шарикиҳои тиҷоратӣ мусоидат намоянд, баррасӣ шуданд”, - навиштааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”