Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид
20-уми август дар доираи сафари расмӣ ба Туркманистон, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов дар қолаби маҳдуд ва васеъ музокирот анҷом дод.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқотҳо ҷонибҳо вазъ ва дурнамои рушди минбаъда ва таҳкими шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистону Туркманистонро муҳокима намуда, тадбирҳои мушаххасро ҷиҳати идомаи рушди ҳамкориҳои зич вобаста ба доираи васеи масъалаҳои рӯзномаи дуҷониба муайян карданд.
Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи музокирот Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон барои солҳои 2027–2028 ба имзо расид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”