Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Имкони донишҷӯ шудан ҳаст. Киҳо дар даври тақсимоти такрории иловагӣ иштирок карда метавонанд?
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки довталабоне, ки дар даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2026 иштирок кардаанд, мерасонад, ки азнавбақайдгирии довталабон барои иштирок дар тақсимоти такрории иловагӣ аз 22‑юм то 24-уми август сурат мегирад.
Манбаъ навиштааст, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тақсимоти такрории иловагӣ довталабоне, ки дар тақсимоти асосӣ ва такрорӣ дар асоси балҳои умумии бадастовардаашон аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон нагузаштаанд, ва довталабоне, ки дар тақсимоти асосӣ ва такрорӣ ба ихтисосҳои самти тиб гузаштаанд, вале бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил карданро дар муассисаҳои таълимии тиббӣ надоранд, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд, ҳуқуқи иштирок карданро доранд.
“Дар тақсимоти такрории иловагӣ барои интихоби довталабон ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз тақсимоти асосӣ ва такрории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2026, аз ҷумла бинобар дар муассисаҳои таълимӣ ҳозир нашудани довталабони дар тақсимоти асосӣ ё такрорӣ комёбшуда холӣ мондаанд, пешниҳод карда мешавад. Натиҷаҳои тақсимоти такрории иловагӣ, ки дар асоси балҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон ба таври худкор тавассути низоми иттилоотии “Довталаб”, яъне бе дахолати омили инсонӣ гузаронида мешавад, 26‑уми август эълон мегардад”, - афзудааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад