Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
АвруОсиё чӣ гуна бозии иқтисодии Осиёи Марказиро дигар мекунад?
Узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад на танҳо масъалаи ҳамгироии иқтисодӣ, балки як василаи дастрасӣ ба бозорҳои бузург, ҷалби сармоя ва рушди долонҳои нақлиётӣ бошад.
Фарида Қурбонзода, корманди илмии Шуъбаи кишварҳои ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои кишварҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, таҷрибаи Қирғизистон ва Қазоқистон ин таъсирро ба таври равшан нишон додааст.
Қирғизистон: бозори бузургтар ва имкониятҳои нав
Қирғизистон, ки иқтисоди нисбатан хурд дорад, аз узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё пеш аз ҳама аз коҳиши монеаҳои гумрукӣ ва дастрасӣ ба бозори васеътар манфиат гирифтааст. Тибқи таҳлил, аз замони шомил шудан ба Иттиҳод ҳаҷми номиналии Маҷмуи маҳсулоти дохилии ин кишвар қариб се баробар афзоиш ёфта, даромадҳои буҷетӣ ва гардиши мол низ зиёд шудаанд. Рушди содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати сабук аз ҷумлаи натиҷаҳои дигари ҳамгироӣ арзёбӣ мешавад.
Аммо яке аз муҳимтарин омилҳо барои Қирғизистон бозори меҳнати кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошад. Реҷаи содатаршудаи кор барои шаҳрвандони Қирғизистон имкони фаъолияти қонунии меҳнатиро фароҳам овардааст.
Интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамасола тақрибан ба 2 миллиард доллар мерасад. Ин маблағҳо ба нигоҳ доштани талаботи дохилӣ ва тавозуни пардохтҳои кишвар мусоидат мекунанд. Ҳамзамон, Қирғизистон талош дорад мавқеи худро ҳамчун кишвари транзитӣ тақвият диҳад. Лоиҳаҳои муҳимми нақлиётӣ, аз ҷумла роҳи оҳани Чин–Қирғизистон–Ӯзбекистон ва масири «Шимол–Ҷануб», метавонанд нақши ин кишварро дар тиҷорати минтақавӣ боз ҳам бештар кунанд.
Қазоқистон: сармоя, содирот ва транзит
Қазоқистон дар миёни иқтисодҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мавқеи калидӣ дорад. Тибқи маълумоти расмӣ, гардиши молии кишвар бо давлатҳои узви Иттиҳод тамоюли афзоиш дошта, Русия тақрибан 90 дарсади тиҷорати мутақобилаи Қазоқистон бо кишварҳои “Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё”-ро ташкил медиҳад.
Дар сохтори содироти Қазоқистон маҳсулоти саноати химия, мошинсозӣ, таҷҳизот ва воситаҳои нақлиёт ҷойгоҳи муҳим доранд. Яке аз нишондиҳандаҳои ҷолиб афзоиши сармоягузории мустақим аз кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошад. Ҳаҷми чунин сармоягузорӣ аз тақрибан 600 миллион доллар дар соли 2015 то 4 миллиард доллар дар соли 2024 расидааст. Ин рақамҳо, ба гуфтаи таҳлилгар, аз афзоиши ҷолибияти сармоягузории Қазоқистон дар фазои ҳамгироии иқтисодӣ дарак медиҳанд.
Ояндаи ҳамгироӣ чӣ мешавад?
Бо вуҷуди ин, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои кишварҳои минтақа танҳо имкониятҳоро ба вуҷуд намеорад. Қирғизистон бояд рақобатпазирии истеҳсолоти миллиро баланд бардошта, вобастагии иқтисодро аз интиқоли маблағҳои муҳоҷирон коҳиш диҳад.
Барои Қазоқистон бошад, яке аз масъалаҳои асосӣ диверсификатсияи содирот ва ҳамзамон нигоҳ доштани тавозун миёни уҳдадориҳои ҳамгироӣ ва сиёсати хориҷии бисёрсамта мебошад.
Дар маҷмуъ, таҳлили Фарида Қурбонзода нишон медиҳад, ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба яке аз омилҳои муҳимми тағйироти иҷтимоиву иқтисодии Қирғизистон ва Қазоқистон табдил ёфтааст. Барои Бишкек он имкони дастрасӣ ба бозори васеъ, ба танзим даровардани муҳоҷирати меҳнатӣ ва таҳкими иқтисодиётро фароҳам кардааст. Барои Остона бошад, Иттиҳод василаи густариши бозорҳои фурӯш, ҷалби сармоя ва таҳкими иқтидори транзитӣ мебошад.
Бо вуҷуди ин, самаранокии дарозмуддати ЕАЭС ба он вобаста хоҳад буд, ки кишварҳои узв то чӣ андоза метавонанд бартариҳои ҳамгироиро бо татбиқи стратегияҳои миллии навсозӣ ва рушди иқтисодӣ муттаҳид созанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”