27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:09, Душанбе
21.08.2026 08:47

Генерал Сайфӣ: “Дер ё зуд Толибонро шикаст медиҳем / Ҳуқуқи занон хати сурхи мост”

Ҳомид Сайфӣ, масъули низомии ҳаракати Наҳзати озодӣ ва адолати Афғонистон ваъда медиҳад, ки агар гурӯҳи террористии Толибон аз қудрат канор раванд, мактабу донишгоҳҳо боз шуда, занон ба кор бармегарданд ва ҳуқуқи онҳо дар низоми ояндаи Афғонистон «хати сурхи ғайриқобили муомила» хоҳад буд. Ӯ ҳамчунин, мегӯяд, ҷабҳаҳои зидди Толибон бояд пас аз тағйири ҳукумат, ҳукумати муваққатӣ ташкил карда, роҳро барои интихобот боз кунанд.

Генерал Ҳомид Сайфӣ дар суҳбати ихтисосӣ бо рӯзномаи чопии Афғонистон гуфтааст, ки ояндаи сиёсии Афғонистон бояд на аз ҷониби як гурӯҳ, балки тавассути раъйи мардум муайян шавад.

Ба гуфтаи ӯ, ҷабҳаҳои зидди Толибон барои давраи баъди Толибон танҳо нақшаи низомӣ надоранд, балки барои ташкили низоми сиёсие талош мекунанд, ки дар он шаҳрвандон, новобаста аз қавм, забон, мазҳаб ё ҷинсият, ҳаққи иштирок дар идораи кишварро дошта бошанд.

«Ҳуқуқи занон хати сурхи ғайриқобили муомила аст»

Яке аз сахттарин мавқеъҳои Ҳомид Сайфӣ дар ин суҳбат ба ҳуқуқи занон марбут аст. Ӯ гуфтааст, ки ҳуқуқи занони Афғонистон дар низоми оянда «хати сурхи ғайриқобили муомила» хоҳад буд ва ин масъала бояд дар қонун ва сохтори сиёсии кишвар кафолат дода шавад.

Ҳомид Сайфӣ мегӯяд, занон дар оянда бояд на танҳо ба таҳсил ва кор дастрасӣ дошта бошанд, балки дар раҳбарӣ ва қабули қарорҳои сиёсӣ низ нақши воқеӣ бозанд. Ба гуфтаи ӯ, мансабҳо бояд бар асоси «қобилият, илм, истеъдод ва шоистагӣ» тақсим шаванд, на бар асоси қавм, забон, мазҳаб ё ҷинсият.

Аввалин иқдом: боз кардани дарҳои мактабҳо ва донишгоҳҳо

Генарал Ҳомид Сайфӣ мегӯяд, агар Толибон шикаст хӯранд, боз кардани мактабҳо ва донишгоҳҳо ва баргардонидани занон ба ҷойҳои кори худ аз аввалин авлавиятҳо хоҳад буд. Ӯ ҳамчунин, гуфтааст, ки барои ҷуброни солҳои аздастрафтаи таҳсили духтарон бояд барномаи ҷиддии барқарорсозӣ роҳандозӣ шавад.

Ба гуфтаи ӯ, ҷабҳаҳо мехоҳанд аз муассисаҳои илмии байналмилалӣ барои донишҷӯёни афғон бурсия ва дигар имкониятҳои омӯзишӣ дархост кунанд. Ҳомид Сайфӣ таъкид кардааст, ки онҳо худро масъул медонанд, то ҳуқуқи таҳсил, кор ва раъй ба занони Афғонистон баргардонида шавад.

Пас аз Толибон: ҳукумати муваққатӣ ва интихобот

Аммо нақшаи Ҳомид Сайфӣ танҳо ба ҳуқуқи занон маҳдуд намешавад. Ӯ мегӯяд, агар Толибон аз қудрат канор раванд, ҷабҳаҳои зидди онҳо бояд барои таъсиси ҳукумати муваққатӣ замина фароҳам кунанд.

Баъдан, ба гуфтаи ӯ, бояд интихобот баргузор шавад ва мардум дар бораи навъи низоми сиёсӣ, қонуни асосӣ, парчам ва дигар масъалаҳои калидии Афғонистон қарор қабул кунанд.

«Тақдири ояндаро раъйи мардум муайян хоҳад кард», — гуфтааст Ҳомид Сайфӣ.

Ӯ аз таъсиси низоми ғайримарказӣ, интихобӣ ва адолатмеҳвар пуштибонӣ карда, гуфтааст, ки ҳар шаҳрванди Афғонистон бояд дар низоми оянда худро соҳиби кишвар эҳсос кунад.

«Амалиётҳо то шикасти комили Толибон идома хоҳанд кард»

Ҳомид Сайфӣ дар бахши низомии суҳбат гуфтааст, ки муборизаи ҷабҳааш бар зидди Толибон идома хоҳад ёфт. Ба гуфтаи ӯ, стратегияи онҳо амалиётҳои партизанӣ, ҳамлаҳои тӯдаӣ, нуфузӣ ва иттилоотиро дар бар мегирад. Ӯ гуфтааст, амалиётҳои ахир танҳо иқдомҳои кӯтоҳмуддат нестанд ва то «шикасти комили» Толибон идома хоҳанд кард.

Ҳомид Сайфӣ ҳамзамон эътироф кардааст, ки дар марҳилаи кунунии амалиётҳо махфӣ нигоҳ доштани нақшаҳо зарур аст. Аммо агар ҷабҳаҳо ба марҳилаи ҳамлаҳои густурда ворид шаванд, ба гуфтаи ӯ, ҳамоҳангии байни онҳо барои пирӯзӣ муҳим хоҳад буд.

Чаро ҷабҳаҳо то ҳол муттаҳид нашудаанд?

Бо вуҷуди фаъолияти чандин ҷабҳаи зидди Толибон, онҳо то ҳол ба як сохтори ягонаи низомӣ табдил нашудаанд. Ҳомид Сайфӣ ин вазъро на ҳамчун рақобати манфӣ, балки «рақобати мусбат» тавсиф кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҷабҳаҳо бо ҳадафи умумӣ — «озодии кишвар ва наҷоти мардум» — амал мекунанд. Ӯ гуфтааст, ки ҳамаи ҷабҳаҳо зарурати ҳамоҳангиро қабул доранд ва баъди гузаштан аз марҳилаи амалиётҳои махфӣ, ҳамкории бештар имконпазир хоҳад шуд.

Тарс аз бозгашти ҷанги дохилӣ

Яке аз саволҳои ҳассостарин ин аст: агар Толибон фардо аз қудрат дур шаванд, чӣ кафолате вуҷуд дорад, ки Афғонистон дубора ба ҷанги дохилӣ фурӯ наравад? Ҳомид Сайфӣ дар посух  мегӯяд, таҷрибаи солҳои пешин барои онҳо дарси фаромӯшнашаванда аст. Ӯ гуфтааст, ҷабҳаҳо намехоҳанд ба ҷанге баргарданд, ки дар он мардум қурбонӣ шаванд, дар ҳоле ки дигарон аз низоъ манфиат мебинанд.

Ҳомид Сайфӣ бо ишора ба ҳадафҳои ҷабҳаҳо гуфтааст, ки такрори чунин вазъро эҳтимолӣ намедонад.

Сайфӣ: “Талош мекунем ғайринизомиён осеб набинанд”

Дар бораи амалиётҳои мусаллаҳона бар зидди Толибон Ҳомид Сайфӣ иддао кардааст, ки ҷабҳааш барои пешгирӣ аз талафоти ғайринизомиён талош мекунад. Ӯ гуфтааст, то ҳол кӯшиш кардаанд дар амалиётҳои партизанӣ талафоти ғайринизомӣ ба вуҷуд наояд ва ба ин принсип то анҷоми мубориза пойбанд хоҳанд монд.

«Дер ё зуд шоҳиди шикасти Толибон хоҳем шуд»

Ҳомид Сайфӣ барои суқути Толибон муҳлати мушаххас пешниҳод накардааст. Аммо ӯ мегӯяд, ҷабҳаҳо бо афроди таъсиргузор дар дохил ва хориҷи Афғонистон дар тамосанд ва ба гуфтаи ӯ, қисми зиёди мардум бо онҳо ҳамоҳанг ҳастанд. «Дер ё зуд шоҳиди шикасти гурӯҳи Толибон ва пирӯзии мардуми худ хоҳем шуд», — гуфтааст  Ҳомид Сайфӣ.

Бо вуҷуди ин, нақшаи пешниҳодкардаи Ҳомид Сайфӣ барои Афғонистони пас аз Толибон — аз ҳукумати муваққатӣ ва интихобот то барқарор кардани ҳуқуқи занон, ҳанӯз асосан дар сатҳи ваъдаҳои сиёсӣ қарор дорад. Дар суҳбат барои бисёре аз ин ваъдаҳо муҳлати мушаххас, манбаъҳои маблағгузорӣ ва механизми дақиқи иҷро пешниҳод нашудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.