27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:09, Душанбе
21.08.2026 08:36

Аз 90 то 921 корхона: саноати ғизоии Тоҷикистон дар давраи истиқлол беш аз 10 баробар рушд кард

Дар давраи истиқлол шумораи корхонаҳои саноати ғизоии Тоҷикистон беш аз даҳ баробар афзоиш ёфта, аз 90 корхона дар соли 1991 ба 921 корхона дар соли 2025 расидааст.

Ин рақамро Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон рӯзи 20-уми август зимни ифтитоҳи нахустин Форуми байналмилалии саноати ғизо дар Душанбе эълом кард.

Ба гуфтаи Шералӣ Кабир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ин бахш дар соли 2025 ба 12,4 миллиард сомонӣ, ё тақрибан 1,35 миллиард доллар, расидааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли қаблӣ 16 дарсад бештар гуфта мешавад.

Ҳоло ҳиссаи саноати ғизо дар сохтори умумии истеҳсолоти саноатии Тоҷикистон тақрибан 19 дарсадро ташкил медиҳад.

Шералӣ Кабир таъкид кард, ки рушди босуръати соҳа ба таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ, афзоиши коркарди ашёи хоми дохилӣ ва беҳтар шудани сифати умумии маҳсулоти озуқаворӣ мусоидат кардааст.

Шералӣ Кабир таъкид кард, яке аз вазифаҳои калидии солҳои наздик амиқтар кардани коркарди ашёи хом ва афзоиши арзиши иловагии маҳсулоти истеҳсоли дохилӣ мебошад. Барои расидан ба ин ҳадаф, Тоҷикистон мехоҳад инфрасохтори логистикиро навсозӣ кунад, талафоти маҳсулотро ҳангоми интиқол коҳиш диҳад ва стандартҳои амнияти озуқавориро ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намояд. Ҳамзамон, тавсеаи содироти маҳсулоти рақобатпазир ба бозорҳои хориҷӣ низ аз самтҳои афзалиятноки соҳа арзёбӣ мешавад.

Вазир, инчунин, гуфт, ки ба ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба лоиҳаҳои инноватсионӣ, аз ҷумла коркарди маҳсулот, бастабандии муосир ва логистика таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Рақамикунонии равандҳои истеҳсолӣ ва идоракунӣ низ аз ҷумлаи самтҳои муҳимми рушди минбаъдаи саноати ғизоии Тоҷикистон номбар шудааст.

Дар Форуми байналмилалии саноати ғизо, ки то 21-уми август идома мекунад, тақрибан 500 намоянда аз 15 кишвар иштирок доранд. Дар миёни онҳо намояндагони Озарбойҷон, Русия ва Ӯзбекистон, инчунин, истеҳсолкунандагон, шарикони байналмилалӣ, коршиносон ва соҳибкорон ҳузур доранд. Иштирокдорони форум масъалаҳои сифату амнияти маҳсулоти ғизоӣ, иқтидори содиротӣ ва ҳамгироии истеҳсолкунандагони ватанӣ ба занҷираҳои ҷаҳонии таъминотро баррасӣ мекунанд.

Форум бо баргузории намоишгоҳи васеи маҳсулоти озуқаворӣ ба анҷом мерасад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.