27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:09, Душанбе
21.08.2026 08:30

Баландии сарбанди Роғун пеш аз муҳлат ба 1155 метр расид

Баландии сарбанди Неругоҳи барқи обии (НБО) Роғун ба 1155 метр аз сатҳи баҳр расид. Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ин кор пеш аз муҳлати қаблан муайяншуда анҷом дода шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба НБО-и Роғун бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ шинос шуданд. Қаблан президент ба муҳандисон ва сохтмончиён супориш дода буданд, ки то охири соли 2026 баландии сарбандро ба 1155 метр аз сатҳи баҳр расонанд ва сатҳи оби обанборро то 1140 метр баланд бардоранд.

Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти Президент, корҳои баланд бардоштани сарбанд мутобиқи дастурҳои тасдиқшуда ва нақшаи корӣ анҷом шуда, ҳоло пур кардани обанбор то нишони 1140 метр дар назар аст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, аз рафти корҳои сохтмонӣ дар баромадгоҳи нақби нақлиётии рақами 9 дар самти шаҳри Роғун, дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр, боздид кардаанд.

Дар сохтмони НБО-и Роғун ҳазорон нафар кор мекунанд. Корҳо шабонарӯзӣ дар ду баст идома дошта, ҳамарӯза беш аз 160 адад техника ва механизмҳои муосир истифода мешаванд. Сохтмони НБО-и Роғун дар рӯди Вахш соли 1987 оғоз шуда, баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 1990 қатъ гардид. Корҳои сохтмонӣ соли 2016 расман аз сар гирифта шуданд.

Тибқи лоиҳа, баландии ниҳоии сарбанди НБО-и Роғун 335 метр хоҳад буд, ки дар сурати анҷоми сохтмон онро ба баландтарин сарбанди сангрезаӣ дар ҷаҳон табдил медиҳад. Иқтидори лоиҳавии неругоҳ пас аз ба кор даромадани шаш агрегат 3,6 ҳазор мегаватт пешбинӣ шудааст.

Айни замон ду агрегати неругоҳ фаъол мебошанд. Агрегати аввал 9-юми сентябри соли 2018 ва агрегати дуюм соли 2019 ба истифода дода шуданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.