Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дафтари волии Толибон дар Бадахшон ҳадафи мушак қарор гирифт. Баъди ҳамла Файзобод низомӣ шуд
Дафтари волии гурӯҳи террористии Толибон дар Файзобод, маркази вилояти Бадахшон, дар нисфи шаб ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт. Манбаъҳои маҳаллӣ мегӯянд, мушакҳо ба як мошин дар наздикии дафтари волӣ бархӯрдаанд ва баъди ҳамла минтақаи қадимии шаҳр ба ҳолати низомӣ даромадааст.
Манбаъҳои маҳаллӣ ба расонаҳои афғонистонӣ гуфтаанд, ки ҳамла тахминан соати 12-и шаби чоршанбе, 19-уми август сурат гирифтааст. Ба гуфтаи манбаъҳо, дафтари волии Толибон дар Файзобод ҳадафи мушакҳо қарор гирифтааст. Аммо мушакҳо ба ҷойи худи бино ба як мошин дар наздикии он бархӯрдаанд. То кунун маълумоти дақиқ дар бораи кушта ё захмӣ шудани касе ва ҳаҷми хисороти эҳтимолӣ дастрас нест.
Манбаъҳо мегӯянд, баъди ин ҳамла вазъ дар қисми қадимии Файзобод тағйир кардааст ва шаҳр ҳолати низомӣ ба худ гирифтааст. Ҳанӯз маълум нест, ки ҳамла аз кадом самт анҷом шудааст ва чанд мушак ба сӯйи дафтари волии Толибон партоб шудааст.
То замони нашри ин хабар ягон гурӯҳ масъулияти ҳамларо ба уҳда нагирифтааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан ҷабҳаҳои зидди Толибон масъулияти чандин ҳамлаи мушакӣ ба мавзеъҳои Толибонро дар минтақаҳои гуногуни Афғонистон ба уҳда гирифта буданд. Аммо дар мавриди ҳамлаи ахир ба дафтари волии Толибон дар Файзобод, то ҳол ҳеч гурӯҳе масъулияти онро расман эълом накардааст. Ҷузъиёти бештар дар бораи шумораи мушакҳо, талафот ва зарари расида ба бинои дафтари волӣ ҳанӯз маълум нест.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”