27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:09, Душанбе
20.08.2026 18:33

Ироқчӣ: “Амалиёти иқтисодии Амрико сиёсати шикастхӯрда аст”

Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Аббос Ироқчӣ фишорҳои нави иқтисодии Вашингтон бар зидди Теҳронро «сиёсати шикастхӯрда» номид ва ҳушдор дод, ки идомаи чунин сиёсат танҳо хашми эрониён нисбат ба Амрикоро бештар хоҳад кард.

Сайид Аббос Ироқчӣ рӯзи панҷшанбе, 20-уми август, дар шабакаи “X” дар вокуниш ба таҳдидҳои нави иқтисодии Доналд Трамп, президенти ИМА гуфт, ки Вашингтон бо идомаи ин сиёсатҳо ба натиҷаи баръакс хоҳад расид.

Ба гуфтаи вазири хориҷаи Эрон, он чизе ки Трамп онро «Рӯзи D-и иқтисодӣ» меномад, талоше барои парешон кардани таваҷҷуҳи ҷомеаи Амрико аз мушкилоти молии дохилии кишвар аст. Сайид Аббос Ироқчӣ ба қарзи бесобиқа ва афзоиши хароҷоти фоизии ИМА ишора кардааст.

Сайид Аббос Ироқчӣ гуфтааст, пофишорӣ бар идомаи сиёсатҳое, ки ба назари Теҳрон қаблан ноком шудаанд, танҳо ба шикастҳои бештар барои Вашингтон ва афзоиши хашми мардуми Эрон оварда мерасонад.  Ӯ ҳамчунин, ИМА-ро ба истифодаи «терроризми иқтисодӣ» муттаҳам карда, гуфтааст, чунин фишорҳо метавонанд иқтисоди ҷаҳонӣ ва соҳибихтиёрии кишварҳоро таҳдид кунанд.

Изҳороти Ироқчӣ баъд аз он садо дод, ки Доналд Трамп аз оғози як амалиёти густурдаи иқтисодӣ бар зидди Эрон хабар дод. Трамп таҳдид кард, кишварҳое, ки ба Эрон аз ҷиҳати молиявӣ ё иқтисодӣ кумак мекунанд, метавонанд ба паёмадҳои сахти иқтисодӣ рӯбарӯ шаванд. Ӯ ин иқдомро як маъракаи бесобиқа барои фишор ба Теҳрон ва ҷудо кардани Эрон аз низоми иқтисодии байналмилалӣ тавсиф кардааст.  Бар асоси гузоришҳои нашршуда, Вашингтон ҳамчунин, мехоҳад фишорро бар роҳҳои тиҷоратӣ, интиқоли маблағ ва ширкатҳое, ки ба Эрон дар идомаи фаъолияти иқтисодиаш кумак мекунанд, бештар кунад.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.