27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:42, Душанбе
20.08.2026 18:27

Абдунабӣ Сатторзода: “Эмомалӣ Раҳмон меъмори сиёсати хориҷии нави Тоҷикистон аст”

Донишманди тоҷик Абдунабӣ Сатторзода Эмомалӣ Раҳмонро бунёдгузори сиёсати хориҷии нави Тоҷикистон номида, гуфтааст, ки дар 35-соли Истиқлол сиёсати хориҷии кишвар ба самти фаъол, мутавозин ва бисёрсамта рушд кардааст.

Дар нишасти илмию амалӣ бахшида ба нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ, ки 19-уми август дар бинои нави Ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуд, Абдунабӣ Сатторзода таъкид кардааст, ки асосҳои сиёсати хориҷии кишварро Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 дар муроҷиат ба мардуми Тоҷикистон муайян карда буд.

Ба гуфтаи ӯ, ин самтҳо аз ворид шудани Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ то узвият дар созмонҳои байналмилалӣ, таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва пайдо кардани ҷойгоҳи муносиб дар ҷомеаи ҷаҳонӣ иборат буданд.

Профессор Абдунабӣ Сатторзода ҳамчунин, ба нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ишора карда, гуфт, ки тағйироти минбаъдаи сиёсати ҷаҳонӣ зарурати такмили санадҳои стратегии кишварро ба миён овардааст.

Профессор Абдунабӣ Сатторзода дар гузориши худ ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаҳои об ва сулҳро низ аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии кишвар арзёбӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, ташаббусҳои марбут ба об боис шудаанд, ки масъалаи об ба яке аз мавзуъҳои доимии рӯзномаи байналмилалӣ табдил ёбад.

Абдунабӣ Сатторзода, инчунин, қатъномаи ахири Маҷмаи умумии СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда дар солҳои 2027–2036»-ро аз дастовардҳои муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон номид ва онро ба таҷрибаи сулҳи тоҷикон пайванд дод.

“Тавре ки шумо хабар доред, 25-уми июли соли равон Маҷмаи умумии СММ дар асоси пешниҳоди Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қатъномаи махсусеро бо номи “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои ояндаро дар солҳои 2027 ва 2036”-ро қабул намуд.  Аз тарафи бонуфузтарин сохтори СММ қабул гардидани қатъномаи махсуси “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда дар солҳои 2027 ва 2036” яке аз дастовардҳои бузурги сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки маҳз ба шарофати обрӯ ва эътибори баланди роҳбари ҷумҳуриамон дар арсаи байналмилаӣ амалӣ гардид ва таъкид мекунам, ки он тасодуфӣ ҳам нест”- зикр кард Абдунабӣ Сатторзода

Дар ҷамъбасти гузориш ӯ гуфт, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар даврони истиқлол марҳала ба марҳала фаъол, амалгаро, воқеъбинона, ҳадафманд ва бисёрсамта шудааст.

Нишасти илмию амалӣ бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президент, собиқадорони дипломатияи тоҷик, аз ҷумла академик Талбак Назаров, Абдулмаҷид Достиев, Қозидавлат Қоимдодов, Рамазон Мирзоев, Эркин Раҳматуллоев ва Абдунабӣ Сатторзода баргузор гардид.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.