Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Боздиди Президенти кишвар аз cарбанди Неругоҳи Роғун
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи Роғун бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар сарбанди ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ шинос шуданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар медиҳад, сарбанди Неругоҳи Роғун аз қисмҳои ядро, филтрҳои минтақаи гузариши дуюм ва сеюм, призмаи такядевори поёнӣ, призмаи такядевори болоӣ, борсангҳои биефи болоӣ ва поёнӣ иборат буда, баъди пурра ба анҷом расидан бо баландии 335 метр баландтарин сарбанди регусангӣ дар ҷаҳон хоҳад буд.
Гуфта мешавад, ки паҳноии сарбанд дар поёни он 1800 метр, паҳноии он дар боло 612 метр, паҳноии тахтапушти сарбанд 20 метр ва ҳаҷми умумии маводи дар сарбанд хобонидашаванда 79 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад.
“Корҳои сохтмонӣ дар сарбанд дар навбати аввал то баландии 1050 метр аз сатҳи баҳр шуруъ гардида, таҳкурсии ядрои сарбанд аз бетони кубидашуда бо ҳаҷми 293 ҳазору 446 метри мукааб, сементатсияи мустаҳкамкунандаи таҳкурсии ядро бо шумораи 3 ҳазору 359 чоҳ, сементатсияи пардаи оббанд бо шумораи 125 чоҳ бо чуқуриҳои аз 44 то 149 метр ба анҷом расидааст”, - навиштааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”