Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Гӯшти беларусӣ бозори Душанберо пур кард: ҳар ҳафта то 90 тонна ворид мешавад
Аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз ба бозорҳои пойтахт беш аз 2 ҳазор тонна гӯшти гови Беларусия ворид карда шудааст. Дар ин бора масъулони КВД «Истеҳсол, харид, нигоҳдорӣ ва фурӯши молҳои ниёзи аввал дар шаҳри Душанбе» хабар додаанд.
Ба гуфтаи масъулони корхонаи зикршуда, гӯшти воридотӣ тибқи анъанаҳои миллӣ забҳ шуда, дорои тамғаи «Ҳалол» мебошад ва ба талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ аст.
Ҳар ҳафта ба Душанбе аз корхонаҳои коркарди гӯшт дар шаҳрҳои Гродно, Пинск, Слоним ва Слутск аз 80 то 90 тонна гӯшт ворид мешавад. Фурӯши он дар нуқтаҳои махсуси савдои корхона дар бозорҳои коммуналии пойтахт ба роҳ монда шудааст.
Нархи тасдиқшудаи як килограмм гӯшти гови Беларус ҳоло 65 сомонӣ муқаррар шудааст.
Мақомоти масъул мегӯянд, ки воридоти гӯшт ба хотири танзими нарх ва нигоҳ доштани фаровонии маҳсулот дар бозор сурат мегирад. Дар ин давра дар баробари гӯшти Беларусия, аз Қазоқистон низ тақрибан 400 тонна гӯшти гов ба пойтахт ворид карда шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”