Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дом дар шабакаҳои иҷтимоӣ: ҷавони 21-сола ба қаллобии даҳҳо шаҳрванд гумонбар мешавад
Дар Душанбе як ҷавони 21-сола ба гумони фиреби шаҳрвандон тавассути эълонҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт шудааст. Мақомоти интизомӣ мегӯянд, ки то имрӯз дастикам 30 ҳолати эҳтимолии қаллобӣ ба номи ӯ ошкор шудааст.
Кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Ҷӯрахонов Аминҷон, соли таваллудаш 2005-ро ба гумони содир намудани қаллобӣ дастгир кардаанд.
Ба иттилои милитсияи пойтахт, гумонбар дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълонҳои сохта дар бораи ба иҷора додани бӯстонсароҳо ва манзилҳои истиқоматӣ, инчунин фурӯши скутерҳои барқӣ нашр мекардааст.
Шаҳрвандоне, ки ба ин эълонҳо бовар мекарданд, барои гирифтани манзил ё харидани мол маблағ пардохт мекарданд. Аммо, ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, эълонҳо воқеӣ набуда, гумонбар бо ин роҳ маблағҳои гуногунро аз шаҳрвандон мегирифтааст.
Тафтишоти ибтидоӣ то ҳол 30 ҳолати эҳтимолии қаллобиро ошкор кардааст.
Нисбат ба Ҷӯрахонов бар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Мақомоти милитсия аз шаҳрвандоне, ки эҳтимолан аз ин навъи қаллобӣ зарар дидаанд, хостаанд ба мақомоти корҳои дохилии Душанбе муроҷиат кунанд.
Шаҳрвандон метавонанд тавассути WhatsApp ё Telegram ба рақами (+992) 018-02-02-02 маълумот пешниҳод кунанд.
Мақомоти тафтишотӣ таъкид мекунанд, ки шумораи ҳолатҳои ошкоршуда метавонад дар ҷараёни таҳқиқоти минбаъда тағйир ёбад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”