27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:09, Душанбе
20.08.2026 16:19

Сиёсатшиноси амрикоӣ: “Ҷанг бо Эрон метавонад ба шикасти таърихии ИМА табдил ёбад”

Ҷон Миршаймер, сиёсатшиноси маъруфи амрикоӣ ва намояндаи ҷараёни реализми сиёсӣ, ҷанги Иёлоти Муттаҳида бо Эронро барои Вашингтон як шикасти стратегӣ арзёбӣ карда, гуфтааст, ки президент Доналд Трамп барои анҷоми низоъ роҳи осоне надорад ва дар ниҳоят маҷбур мешавад ба созиш бо Теҳрон рӯ оварад.

Ҷон Миршаймер дар мусоҳибаҳо ва баромадҳои ахири худ таъкид кардааст, ки Вашингтон имкони боло бурдани сатҳи низоъро то марҳилаи ҳалкунанда надорад, зеро ҳар қадами нав метавонад барои ИМА ва муттаҳидонаш хароҷоти бештар ба бор орад. Ба гуфтаи ӯ, ягона роҳи воқеии хуруҷ аз ҷанг расидан ба тавофуқ бо Эрон аст.

Ҷанги ИМА ва Исроил бо Эрон 28-уми феврали соли 2026 оғоз шуда буд. Ҷон Миршаймер баъдан ин ҳамлаҳоро яке аз ҷиддитарин иштибоҳҳои сиёсати хориҷии Амрико номид. Ӯ гуфтааст, ки таърих метавонад ҳамлаи 28-уми  февралро ҳатто бузургтарин иштибоҳи сиёсати хориҷии ИМА арзёбӣ кунад. Иштибоҳе, ки аз ҷанги Ироқ дар соли 2003 ҳам болотар хоҳад буд.

Ин донишманди амрикоӣ бар ин назар аст, ки мушкили асосии Вашингтон дар набудани «нақшаи пирӯзӣ» мебошад. Ба гуфтаи ӯ, афзоиши фишори низомӣ ҳатман ба таслими Эрон оварда наметавонад ва метавонад хатари густариши ҷангро дар тамоми минтақа бештар кунад. Ҷон Миршаймер ҳамчунин, ба аҳамияти тангаи Ҳурмуз ва имкони таъсири низоъ ба кишварҳои Халиҷи Форс ишора кардааст.

Ҷон Миршаймер, ки профессори барҷастаи илмҳои сиёсӣ дар Донишгоҳи Чикаго мебошад, бо таҳияи назарияи «реализми ҳуҷумӣ» дар муносибатҳои байналмилалӣ маъруф аст. Ӯ солҳои зиёд сиёсати хориҷии ИМА ва дахолати низомии Вашингтонро аз нуқтаи назари манфиатҳои стратегии абарқудратҳо таҳлил мекунад.

Ба арзёбии ӯ, идомаи ҷанг метавонад на танҳо барои ҷонибҳои мустақими даргир, балки барои иқтисоди ҷаҳонӣ низ паёмадҳои ҷиддӣ дошта бошад. Дар яке аз мусоҳибаҳои ахираш Миршаймер гуфт, ки барои қатъи низоъ зарурати музокироти мустақим ё ғайримустақим бо Эрон вуҷуд дорад ва кишварҳои дигар, аз ҷумла Чин ва Русия, метавонанд дар талошҳои дипломатӣ нақш дошта бошанд.

Мақомоти ИМА дар навбати худ иддаои Миршаймерро дар бораи «шикасти қотеъ»-и Вашингтон ҳамчун мавқеи расмӣ қабул накардаанд. Арзёбии натиҷаи ҷанг ва ҳадафҳои низомии он ҳанӯз мавзуи баҳси ҷиддӣ миёни сиёсатмадорон ва таҳлилгарон боқӣ мемонад.

Бо ин ҳол, тағйири мавқеи Вашингтон аз фишори низомӣ ба ҷустуҷӯи роҳи дипломатӣ, ба гуфтаи баъзе таҳлилгарон, нишон медиҳад, ки имкони истифодаи қувва маҳдудиятҳои худро дорад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.