27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:09, Душанбе
20.08.2026 16:10

Блогери ӯзбек барои таҳқири марди яҳудӣ аз эрониён узр пурсид ва наворашро пок кард

Сайёҳи ӯзбек Бахтовар Қазоқов баъди нашри навори баҳсбарангез аз суҳбат бо як марди солхӯрдаи яҳудӣ дар Ҳамадон, ки дар он суханони таҳқиромез нисбат ба яҳудиён баён мешаванд, бо вокунишҳои тунди корбарони шабакаҳои иҷтимоии Эрон рӯбарӯ шуд.

Бахтовр Қазоқов баъд аз паҳн шудани навор онро аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳазф карда, бо нашри як паёми видеоӣ аз мардуми Эрон, бахусус сокинони Ҳамадон, узр хост.

Навори баҳсбарангез дар оромгоҳи таърихии Эстер ва Мордахай дар Ҳамадон сабт шудааст. Дар он сайёҳи ӯзбек аз марди яҳудӣ мепурсад, ки дар Ҳамадон чанд нафар яҳудӣ зиндагӣ мекунанд. Марди солхӯрда посух медиҳад, ки шумораи онҳо хеле кам буда, эҳтимол тақрибан панҷ нафар аст. Бахтовар Қазоқов дар ҷавоб ибораи таҳқиромез истифода мекунад. Дар идомаи суҳбат ӯ ба эътиқоди яҳудиён ишора карда, бо суханоне таҳқиромез онҳоро мавриди ҳамла қарор медиҳад.

Бино ба вокунишҳои корбарони эронӣ, марди солхӯрдае, ки дар навор дида мешавад, омӯзгори маъруфи бознишаста буда, ҳоло дар оромгоҳи Эстер ва Мордахай ба ҳайси нигаҳбон фаъолият мекунад.

Бахтовар Қазоқов ҳамчунин, дар ҷараёни суҳбат иддао мекунад, ки қаблан дар Ӯзбекистон як яҳудиро задааст. Ба гуфтаи ӯ, баъдан дар додгоҳ аз ин кораш изҳори пушаймонӣ карда ва ваъда додааст, ки дигар чунин рафтор нахоҳад кард. Ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои шадид ба бор овард. Бархе корбарони эронӣ суханони сайёҳи ӯзбекро намунаи ошкори яҳудиситезӣ номида, ба ӯ барои муносибаташ бо марди солхӯрда эътироз карданд.

Бахтовар Қазоқов, ки тибқи маълумоти нашршуда сокини Тошканд ва рассом аст ва дар шаш моҳи ахир борҳо ба Эрон сафар кардааст. Ӯ дар аввали моҳи июни соли ҷорӣ низ акси супоридани портрети раҳбари пешини Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Хоманаиро ба Ҳасан Сафархонӣ, мушовири равобити фарҳангии сафорати Эрон дар Тошканд, нашр карда буд.

Ӯ он замон навишта буд, ки бо дипломати эронӣ дар бораи «ҷозибаҳои таърихии Эрон, фарҳанги ғанӣ ва имкониятҳои сайёҳӣ» суҳбат кардааст ва қасд дорад дар оянда низ ба Эрон сафарҳои бештар анҷом дода ва аз сафарҳояш барои шабакаҳои иҷтимоӣ маводи видеоӣ таҳия кунад.

Пас аз вокунишҳои шадид Бахтовар Қазоқов дар як навори узрхоҳӣ гуфт, ки аз суханони худ пушаймон аст: «Барои беадабие, ки кардам, ҳамчун як ҳамватан аз ҳамаи шумо, эрониён ва ҳамадониҳо, узр мехоҳам», гуфт ӯ. Бохтовар Қазоқов дар шарҳи навори узрхоҳӣ дар “Instagram” ҳамчунин, навишт, ки тасаввур намекардааст, эрониён то ин ҳад аз якдигар пуштибонӣ мекунанд.

Ҳодиса дар ҳолест, ки наворҳои сайёҳӣ ва муносибати блогерҳо бо ҷомеаҳои маҳаллӣ дар солҳои охир ба яке аз мавзуъҳои баҳсбарангези шабакаҳои иҷтимоӣ табдил ёфтаанд. Ин маврид бошад, ба далели истифодаи ибораҳои таҳқиромез нисбат ба як ақаллияти мазҳабӣ вокуниши густардатар ба бор овардааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.