Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Мухолифон дар Бомиён ба муовини Сарвазири Толибон ҳамлаи “ракетӣ” анҷом доданд
Ҷабҳаи ҷумҳурияти Афғонистон мегӯяд, ки шаби сешанбе дар шаҳри Бомиён ба маҳалли ҳузури чанд мақоми баландпояи гурӯҳи террористии Толибон ҳамлаи ракетӣ анҷом додааст.
Ба иттилои ин ҷабҳа, ҳамла тақрибан соати 10:30-и шаб дар наздикии меҳмонхонаи «Ғулғула», воқеъ дар ҳудуди ҳавзаи чоруми амниятии Толибон, сурат гирифтааст. Ҷабҳаи ҷумҳурият гуфтааст, ки Абдулсалом Ҳанафӣ, муовини маъмурии раиси вазирони Толибон, яке аз ҳадафҳои ҳамла будааст.
Ҳанафӣ рӯзи сешанбе ба Бомиён рафта буд. Манобеи маҳаллӣ мегӯянд, ки ҳангоми рух додани таркиш ӯ ҳамроҳ бо Шайх Абдурраҳмон Мунир, муовини вазири корҳои дохилии Толибон оид ба мубориза бо маводи мухаддир, дар меҳмонхонаи «Ғулғула» қарор дошт.
Бо ин ҳол, як манбаи амниятии Толибон ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, ки дар ин ҳамла ба мақомҳои баландпояи ин гурӯҳ осеб нарасидааст. Ба гуфтаи ӯ, танҳо нерӯҳои пулиси Толибон дар ҳавзаи чоруми амниятӣ ҳадаф қарор гирифтаанд.
Ҷабҳаи ҷумҳурият масъулияти ҳамларо бар уҳда гирифтааст. Аммо то ҳол маълумоти мустақил дар бораи талафоти эҳтимолӣ ва ё осеб дидани Абдулсалом Ҳанафӣ нашр нашудааст.
Расонаҳои маҳаллӣ гузориш додаанд, ки баъд аз ҳамла нерӯҳои Толибон роҳҳои атрофи меҳмонхонаи «Ғулғула»-ро баста, ба тафтиши мошинҳо ва афрод оғоз кардаанд. Дар ҳоли ҳозир ҷузъиёти бештар дар бораи ин ҳамла ва талафоти эҳтимолии он маълум нест.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”