Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Тоҷикистон дар гирдоби бензин: Русия содиротро баст, нархҳо боло рафтанд ва чаро Душанбе осеб мебинад?
Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки солҳои зиёд ба интиқоли бензину сӯзишвории дизелӣ аз Русия такя мекарданд, буҳрони сӯзишворӣ шиддат мегирад. Ҳамлаҳои пайдарпайи ҳавопаймоҳои бесарнишини Украина ба корхонаҳои коркарди нафти Русия фаъолияти як корхонаҳои коркардро халалдор кардаанд. Дар натиҷа, ширкатҳои нафтии Русия на танҳо интиқоли сӯзишвориро ба бозори дохилӣ коҳиш доданд, балки маҷбур шудаанд худ аз хориҷ, пеш аз ҳама аз Беларус бензин ворид кунанд. Ҳамзамон, Маскав содироти бензину дизелро ба хориҷ, ҳатто ба кишварҳои «дӯст»-и худ дар Осиёи Марказӣ, маҳдуд кардааст. Ин манъкунӣ ҳоло ҳадди ақал то 31-уми январи соли 2027 тамдид шудааст.
Тоҷикистон ва Қирғизистон бештар дар хатти зарба
Дар ҳоле ки сокинони баъзе минтақаҳои Русия барои пур кардани баки мошинҳояшон ба Қазоқистон мераванд, вазъ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ яксон нест. Қазоқистон, ки ҳам захираи нафт ва ҳам корхонаҳои коркарди нафти худро дорад, нисбат ба дигарон камтар осеб дидааст. Аммо дар Тоҷикистон ва Қирғизистон мақомот ба таври фаврӣ роҳҳои нави воридоти сӯзишвориро ҷустуҷӯ доранд. Ҳатто масъалаи сохтмони корхонаҳои нави коркарди нафт (НПЗ) матраҳ шудааст. Муовини нахуствазири Қирғизистон мегӯяд, ки захираи сӯзишвории ин кишвар танҳо барои тақрибан якуним моҳ кофӣ аст. Бишкек аллакай бо Озарбойҷон барои хариди сӯзишворӣ ба мувофиқа расидааст.
Тоҷикистон бошад, имкони ворид кардани сӯзишворӣ аз Чинро баррасӣ мекунад. Дар ҳамин ҳол, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар аввали моҳи август дар ҳамоиши ғайрирасмии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар Чолпон-Ата пешниҳод кард, ки барои тамоми минтақа як корхонаи бузурги коркарди нафт сохта шавад. Аммо то ҳол дар бораи сохтмони чунин корхона созиши мушаххасе ба даст наомадааст. Дар натиҷа, сокинони Тоҷикистон ва Қирғизистон барои пур кардани мошинҳояшон ба кишварҳои ҳамсоя мераванд ва аз боло рафтани нархи сӯзишворӣ шикоят мекунанд.
Пас, ҳоло дар ҳар кишвари Осиёи Марказӣ вазъи бензин ва дизел чӣ гуна аст? Кадом кишвар аз қатъи воридоти сӯзишвории Русия бештар зарар дидааст ва кадомаш камтар? Ва оё корхонаи коркарди нафт (НПЗ)-и нав метавонад мушкили сӯзишвории тамоми минтақаро ҳал кунад?
«Настоящее Время» ин саволҳоро ба иқтисоддони қазоқ Айдар Алибаев пешниҳод кард.
«Тоҷикистон аз ҳама бештар вобаста аст ва аз лиҳози ҷуғрофӣ низ вазъи душвортар дорад»
— Нархи бензин дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумл Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, бар асари кам шудани интиқоли сӯзишворӣ аз Русия чӣ қадар боло рафтааст? Дар куҷо норасоӣ бештар эҳсос мешавад?
- Он чизе ки имрӯз дар Русия рух медиҳад, яъне шиддат гирифтани мушкили норасоии сӯзишворӣ, албатта, наметавонад ба Осиёи Марказӣ таъсир нарасонад. Аммо таъсири он ба ҳар кишвар гуногун аст, зеро ҳар кадом хусусиятҳои худро дорад.
Ба эҳтимоли зиёд, бештар аз ҳама Тоҷикистон зарар мебинад. Баъд Қирғизистон, сипас Ӯзбекистон ва камтар аз ҳама Қазоқистон. То ҷое ки ман мефаҳмам, дар Тоҷикистон нархи бензин аллакай тақрибан 12–13 фоиз боло рафтааст. Сабабаш ин аст, ки Тоҷикистон аз лиҳози ҷуғрофӣ барои интиқоли сӯзишвории Русия дар мавқеи душвортар қарор дорад ва ҳамзамон аз бензини воридотӣ, шояд аз ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, бештар вобаста аст. Аз ҳамин сабаб, Тоҷикистон ҳоло, агар чунин гуфтан мумкин бошад, бо тамоми роҳҳои имконпазир роҳи дарёфти сӯзишвориро меҷӯяд. Ҳатто ба Эрон муроҷиат кард, зеро Эрон барои Тоҷикистон наздиктарин кишвари дорои имкони таъмини сӯзишворӣ мебошад. Дар Қирғизистон низ вазъ осон нест. Аз лиҳози ҷуғрофӣ логистикаи интиқоли сӯзишворӣ ба ин кишвар қулай нест. Сӯзишвории Русия ба Қирғизистон асосан тавассути Қазоқистон мерасад ва вобастагии Бишкек аз содироти сӯзишвории Русия ҳам хеле баланд аст.
Ӯзбекистон шояд нисбат ба Қирғизистону Тоҷикистон камтар аз Русия вобаста бошад, аммо вобастагӣ ба ҳар ҳол ҷиддӣ аст, ба назари ман, тақрибан нисфи эҳтиёҷоти он аз воридот вобаста мебошад. Дар Ӯзбекистон низ, то ҷое ки ман мефаҳмам, нархи бензину дизел аллакай тақрибан 11–11,5 фоиз боло рафтааст. Дар Қирғизистон ин рақам тақрибан 10 фоиз мебошад
«Қазоқистон бензини кофӣ дорад, аммо фишор аз ҳама тараф меояд»
- Дар Қазоқистон, ки се НПЗ-и бузург дар Атирау, Шимкент ва Павлодар дорад ва қудрати истеҳсолии онҳо низ бояд афзоиш ёбад, вазъ чӣ гуна аст?
- Ҳоло дар марзҳои Қазоқистон вазъият ғайриодӣ шудааст. Ҳам дар сарҳад бо Қирғизистон ва ҳам дар марзи Қазоқистону Русия як манзара ба назар мерасад: русҳо ба Қазоқистон меоянд, то мошинҳояшонро бо бензини мо пур кунанд. Қазоқистон аз лиҳози таъмини эҳтиёҷи дохилии худ ба бензин, дар маҷмуъ, кишвари худкифо аст. Се корхонаи коркарди нафти мо, ба таври умум, қодиранд талаботи дохилиро таъмин кунанд. Аммо ҳоло ба бозори бензини Қазоқистон ҳам аз ҷониби Русия ва ҳам аз ҷониби дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ фишор зиёд шудааст. Русия худ ба бензин ниёз дорад ва мехоҳад аз Қазоқистон сӯзишворӣ харад. Маскав ҳатто аз Қазоқистон хостааст, ки ба он 50 ҳазор тонна сӯзишвории иловагӣ фурӯшад. Аммо маълум аст, ки худи Қазоқистон низ бо мушкили таъминот рӯбарӯ мешавад. Фишоре, ки ҳоло аз ҷониби ҳамсояҳо, ҳам Русия ва ҳам кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба бозори мо меояд, табиист, ки ба нархҳо дар дохили Қазоқистон низ таъсир мерасонад. Бо вуҷуди ин, ман ҳоло наметавонам бигӯям, ки фишори Русия сабаби асосии болоравии нарх дар Қазоқистон аст. Дар ҷои аввал мушкилоти дохилии худи мо қарор доранд: андозҳои аксизӣ ба сӯзишворӣ, сиёсати андозӣ ва тағйирот дар сиёсати содирот. Мо дар семоҳаи аввали соли 2026 ба содироти сӯзишворӣ мораторий доштем. Ҳоло он бекор шудааст ва ин низ ба болоравии нархҳо таъсир гузоштааст. Ғайр аз ин, дар Қазоқистон имсол андоз аз арзиши иловашуда то 16 фоиз боло бурда шуд. Аз ин рӯ, фишори Русия ҳоло омили асосии гарон шудани сӯзишворӣ дар Қазоқистон нест. Аммо як нуктаи муҳим вуҷуд дорад. Тибқи равандҳое, ки ҳам дар ҷабҳаҳои ҷанг ва ҳам дар дохили худи Русия ба назар мерасанд, мушкилоти ин кишвар бо НПЗ-ҳо, бензин ва дизел эҳтимол бештар хоҳад шуд.
«Ҷанги Русия дар Украина ба ҷайби сокинони Осиёи Марказӣ ҳам зарба мезанад»
- Оё аз ин буҳрон метавон хулоса кард, ки ҷанги Русия алайҳи Украина ҳоло мустақиман ба ҷайби сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам зарба мезанад? На танҳо ба қазоқҳо, балки ба сокинони дигар кишварҳо низ?
- Чунин хулосаи ғайримустақимро метавон кард. Бар асари ҳамлаҳои Украина ба НПЗ-ҳои Русия, худи Русия бо норасоии сӯзишворӣ рӯбарӯ мешавад. Норасоии сӯзишворӣ дар Русия бошад, ба мо фишор меорад. Дар кишварҳои мо низ чунин мушкил метавонад ба вуҷуд ояд ва аллакай дар баъзе ҷойҳо эҳсос мешавад, ҳарчанд суръати он нисбат ба ҳамсояҳои мо дар Осиёи Марказӣ камтар аст.
Ҳамчунин, эҳтимоли идомаи болоравии нархи бензин вуҷуд дорад. Ва ин, табиист, ба болоравии нархи дигар молҳои истеъмолӣ, аз ҷумла маҳсулоти ғизоӣ ва дигар маҳсулоти рӯзмарра, оварда мерасонад. Аммо омили аз ҳама муҳим давомнокии мушкилоти Русия аст. Агар вазъ муддати дароз идома кунад, ҳар қадар ин буҳрон бештар тӯл кашад, ҳамон қадар таъсири он ба нархҳо дар кишварҳои мо сахттар хоҳад шуд.
«Мо ба ин омил таъсир расонда наметавонем»
- Оё мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд болоравии нархҳоро боздоранд ва дар маҷмуъ вазъи бензинро беҳтар кунанд?
- Омилеро, ки ҳоло мо дар бораи он суҳбат мекунем, яъне ҳамлаҳо ба НПЗ-ҳои Русия табиист, ки мо назорат карда наметавонем. Ин дар дасти мо нест. Нобудсозии инфрасохтори нафту сӯзишвории Русия аз ҷониби Украина дар доираи ҷанг сурат мегирад. Қазоқистон наметавонад ба ин равандҳо таъсир расонад.
Алексей Александров
манбаъ:“Настояшая времия”
Тарҷума аз русӣ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”