27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:09, Душанбе
20.08.2026 09:22

Омори талафоти артиши Амрико дар ҷанг бо Эрон афзоиш ёфт

Теъдоди низомиёни амрикоии кушташуда ва захмӣ дар ҷанг бо Эрон аз нав ба сатҳи баланд расид. Бар асоси маълумоти навшудаи Пентагон, аз оғози даргирӣ то кунун 18 низомии амрикоӣ кушта шуда, 757 нафари дигар захм бардоштаанд.

Шабакаи “Си-эн-эн” (CNN) бо истинод ба маълумоти талафоти ҷангии сомонаи Вазорати дифои ИМА хабар дод, ки Пентагон рӯзи чоршанбе омори талафотро навсозӣ кардааст. Дар ин навсозӣ беш аз 50 мавриди нави захмӣ шудани низомиёни амрикоӣ ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ин омор ба маълумоти низоми «Таҳлили талафоти мудофиа» (DCAS) ва бахши марбут ба «амалиёти хориҷӣ» ва ҳамчунин, маълумоти амалиёте, ки бо номи «Хашми эпикӣ» зикр мешавад, асос ёфтааст.

“Си-эн-эн” менависад, ки аз замони оғози ҷанг дар 28-уми феврал, дар маҷмуъ 18 низомии амрикоӣ кушта ва 757 нафар захмӣ шудаанд.

Пентагон моҳи гузашта бахши «амалиёти хориҷӣ»-ро дар низоми “DCAS” барои сабти маълумоти низомиёни кушташуда ва захмӣ аз 7-уми июл таъсис дода буд. Аммо то ҳол мақомоти низомии ИМА шарҳи пуррае дар бораи он, ки талафоти сабтшуда ба кадом даргириҳо марбутанд, пешниҳод накардаанд.

Санаи 7-уми июл ҳамзамон ба рӯзе рост меояд, ки ҳукумати Доналд Трамп тибқи Қонуни ваколатҳои ҷангӣ ба Конгресс аз оғози як даргирии нави марбут ба Эрон хабар дода буд.

“Си-эн-эн” мегӯяд, барои гирифтани шарҳи бештар дар бораи ин бахши оморӣ аз Пентагон дархост кардааст.

Навсозии ахири омор дар ҳоле сурат гирифтааст, ки Пентагон қаблан барои тағйироти ғайриодӣ дар рақамҳои талафот мавриди интиқоди расонаҳо ва бархе қонунгузорони амрикоӣ қарор гирифта буд. Моҳи гузашта номи чор низомии кушташуда ва даҳҳо низомии захмӣ аз омори расмӣ ҳазф шуда, баъдан дубора ба рӯйхати талафот баргардонида шуданд.

Вазорати дифои ИМА он вақт иддао карда буд, ки коҳиши муваққатии рақамҳо ба далели «мушкилоти муваққатии маълумотӣ» ба вуҷуд омадааст. “Си-эн-эн”, инчунин, қаблан гузориш дода буд, ки Пентагон дар ҷараёни ҷанг бо Эрон дар нашри омори низомиёни захмӣ таъхир доштааст. Мақомоти амрикоӣ ин таъхирро ба масъалаҳои амниятӣ рабт дода буданд. Ҳамин тавр, омори навшудаи Пентагон бори дигар миқёси талафоти артиши Амрикоро дар ин даргирӣ ба маркази таваҷҷуҳ овардааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.