Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Путин мегӯяд “ҳамлаҳои террористӣ” ба инфрсохтори Русия паёмади буҳронӣ надоранд
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия мегӯяд, ҳамлаҳо ба зерсохторҳои ин кишвар ҳарчанд хисорот ба бор меоранд, аммо то ҳол натавонистаанд фаъолияти иқтисодии Русияро ба буҳрони ҷиддӣ рӯбарӯ кунанд.
Ба гузориши расонаҳои русӣ, Путин рӯзи чоршанбе, 19-уми август зимни суханронӣ гуфта, ки иқтисоди Русия дар маҷмуъ раванди мусбат дорад. Ба гуфтаи ӯ, Маҷмуи маҳсулоти дохилии Русия дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ 1,3 дарсад ва дар нимсолаи аввал 0,6 дарсад афзоиш ёфтааст.
Президенти Русия ҳамчунин, ба ҳукумати кишвар дастур додааст, ки устуворӣ ва тавозуни низоми молиявӣ ва буҷети давлатиро таъмин кунад. Ба гуфтаи ӯ, касри буҷети муттаҳидаи Русия ба 160 миллиард рубл мерасад.
Владимир Путин таъкид кардааст, ки Маскав барои татбиқи лоиҳаҳои миллӣ маблағҳои бузург ҷудо мекунад ва иҷрои саривақтии ин тарҳҳо аҳамияти калидӣ дорад. Вай ҳамчунин, истифодаи ҳуши маснуъӣ ва автоматикунониро барои ҷуброни камбуди нерӯи корӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисоди Русия муҳим донистааст.
Ба гуфтаи Путин, марҳилаи аввали сармоягузорӣ дар Русия ба роҳандозии як қатор лоиҳаҳои бузург мусоидат кардааст ва ҳоло вазифаи асосӣ оғоз кардани даври нави сармоягузорӣ мебошад.
Президенти Русия дар бахши дигаре аз суханронии худ чунин афзудааст: “Зерсохторҳои тиҷоратии Русия бо вуҷуди ҳамлаҳо фаъолияти худро самаранок идома медиҳанд. Ҳамлаҳои террористӣ ба зерсохторҳои Русия ҳаргиз паёмади буҳронӣ надоштаанд ва наметавонанд дошта бошанд, ҳарчанд баъзе иншоот осеб мебинанд”.
Ӯ гуфтааст, иншооти логистикӣ ва анборҳое, ки дар натиҷаи ҳамлаҳо осеб дидаанд, ба барқарорсозӣ ва таъмир ниёз доранд ва дар ин раванд аз кумакҳои давлатӣ низ истифода хоҳад шуд.
Путин дар поёни суханронии худ таъкид кардааст, ки вазифаи асосии Маскав ҳалли ҳамаи масъалаҳои марбут ба амалиёти низомии вижа мебошад. Изҳороти Путин дар ҳоле садо медиҳад, ки зерсохторҳои Русия дар моҳҳои ахир борҳо ҳадафи ҳамлаҳо қарор гирифтаанд ва ин ҳамлаҳо аз ҷониби Украина анҷом дода мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”