27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Хабари муҳим барои харидорон. Аз 1-уми сентябр фурӯши намаки бе йод дар Тоҷикистон манъ мешавад
Аз моҳи сентябр харидани намаки одии ошӣ дар Тоҷикистон дигар он қадар осон нахоҳад буд. Ҳукумати кишвар қарореро қабул кардааст, ки тибқи он истеҳсол ва фурӯши намаки ошӣ бояд асосан дар шакли бо йод ғанишуда сурат гирад.
Қарори мазкур 19-уми август қабул шуда, иҷрои он аз 1-уми сентябри соли 2026 оғоз мешавад. Бино ба талаботи нав, воридот, истеҳсол ва фурӯши намаки ошии бе йод дар қаламрави кишвар манъ мегардад, ба истиснои ҳолатҳое, ки аз ҷониби Ҳукумат муайян карда мешаванд.
Барои ғанӣ гардондани намак истифодаи йодати калий пешбинӣ шудааст. Мақомоти давлатӣ мехоҳанд тавассути ин чора назорати сифат ва миқдори йод дар маҳсулоти ба бозор баровардашударо пурзӯр кунанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав масъули назорати иҷрои талаботи нав таъйин шудаанд. Аз ҷумла, мақомоти тандурустӣ бояд риояи меъёрҳои санитариро ҳангоми йодноккунии намак дар корхонаҳо назорат кунанд.
Ҳамзамон, сатҳ ва сифати йодати калий дар намаки истеҳсолшаванда бояд мунтазам санҷида шавад. Натиҷаи чунин санҷишҳо ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод хоҳад шуд.
Дар баробари назорат, Вазорати тандурустӣ вазифадор шудааст, ки тавассути расонаҳо корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ бештар ба роҳ монад. Ҳадаф аз ин кор баланд бардоштани огоҳии мардум дар бораи аҳамияти намаки йоддор ва пешгирии бемориҳои вобаста ба ғадуди сипаршакл гуфта мешавад.
Вазорати саноат ва технологияҳои нав бошад, бояд фаъолияти корхонаҳои истеҳсол ва фурӯши намаки йоддорро пайваста назорат кунад. Ин ниҳод ҳамчунин, бояд барои дастрас ва сари вақт ворид кардани йодати калий ва дигар маводи зарурӣ чораҳои зарурӣ андешад.
Ҳамин тариқ, аз 1-уми сентябри соли 2026 дар бозори Тоҷикистон намаки ошии бе йод набояд ба фурӯш бароварда шавад. Барои истеъмолкунандагон бошад, интихоби асосӣ намаки бо йод ғанишуда хоҳад буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”