27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:09, Душанбе
19.08.2026 19:56

Қолибоф мегӯяд неруҳои амрикоӣ мехоҳанд “обрӯмандона” аз минтақа хориҷ шаванд

Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон гуфт, нерӯҳои амрикоӣ дар пайи омодасозии нақшаи «хуруҷи обрӯмандона» аз минтақаанд ва Исроил дигар ояндае дар минтақа нахоҳад дошт.

Муҳаммабоқир Қолибоф рӯзи чоршанбе ҳангоми нишасти хабарӣ дар маҳалли кушта шудани Қосим Сулаймонӣ дар Ироқ гуфт, ин макон рамзи пайванди Эрону Ироқ ва муборизаи ду кишвар бо гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» аст.

Ба гуфтаи ӯ, кушта шудани Қосим Сулаймонӣ ва Абумаҳдӣ ал-Муҳандис натавонист нуфузи ҷараёни муқовиматро дар минтақа коҳиш диҳад. Қолибоф иддао кард, ки имрӯз «воқеияти» Исроил барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ошкор шудааст ва ин кишвар ҳамчун «душмани башарият» шинохта мешавад.

Раиси парлумони Эрон гуфт, пас аз ҷанги моҳи Рамазон дар сохтори амниятии минтақа тағйирот ба вуҷуд омадааст. Ба гуфтаи ӯ, дар низоми нави минтақа дахолати кишварҳои хориҷӣ ва бозигарони фароминтақавӣ ба тадриҷ коҳиш меёбад.

Муҳаммадбоқир Қолибоф ҳамчунин, гуфт, кишварҳои исломии минтақа бояд равобити амниятии амиқтар дошта бошанд ва онро бо ҳамкориҳои устувори иқтисодӣ тақвият диҳанд. Ӯ таъкид кард, ки Эрон барои чунин ҳамкорӣ омода аст.

Ба гуфтаи раиси Маҷлиси Эрон, сафари ӯ ба Ироқ барои тақвияти ҳамкориҳои байни кишварҳои минтақа ва пешбурди «низоми нави минтақавӣ» сурат мегирад.

Муҳаммадбоқир Қолибоф афзуд, дар ҷараёни ин сафар бо мақомоти ҳукумат ва парлумони Ироқ, инчунин, бо чеҳраҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ин кишвар мулоқот хоҳад кард.

Вай, инчунин, эълом кард, ки ба намояндагӣ аз раҳбари олии Эрон дар маросими марбут ба Арбаъин ширкат мекунад ва паёми сипоси ӯ ва мардуми Эронро ба мақомоту мардуми Ироқ мерасонад.

Раиси парлумони Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф равобити Эрону Ироқро «таърихӣ, решадор ва ногусастанӣ» номид ва гуфт, ду кишвар бояд барои таҳкими амнияти муштарак ва беҳбудии зиндагии мардумашон талош кунанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.