Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Масъалаи ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ гардид. Вохӯрии Умед Бобозода бо Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ
19-уми август Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ вохӯрӣ намуд.
Тавре ки ки сомонаи расмии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон навиштааст, Умед Бобозода зимни мулоқот тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон роҳандозишударо ҳамчун иқдомоти саривақтӣ ва самарабахш муҳим арзёбӣ карда, изҳор намуданд, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амал татбиқ намудани ин тадбирҳо барои пешрафту рушди ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар самти таъмин ва ҳифзи ҳуқуқи инсон мусоидат менамоянд.
“Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар хусуси дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон ибрози назар карда, қайд намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи ҳифз ва пешрафти ҳуқуқи инсон пайваста қадамҳои устувор гузошта истодааст”, - навиштааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки вобаста ба масъалаҳои матраҳгардида, Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати доир намудани ҳамкориҳо барои солҳои минбаъда дар самтҳои мухталифи ҳуқуқи инсон омодагии худро баён намуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”