27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:42, Душанбе
19.08.2026 15:11

ЮНЕСКО мегӯяд маҳдудиятҳои Толибон миллионҳо духтарро аз мактаб дур кардааст

Тақрибан 2,4 миллион духтар дар Афғонистон бинобар манъи таҳсил баъд аз синфи шашум аз идомаи таҳсилоти миёна маҳрум шудаанд. Намояндаи ЮНЕСКО гуфтааст, ин рақам аз арзёбии қаблии 2,2 миллион нафар бештар аст.

Хода Ҷабериан, ҳамоҳангсози барномаи ЮНЕСКО оид ба маориф дар ҳолатҳои фавқулода, рӯзи 11-уми август гуфт, ки ин ҳисоб танҳо духтаронеро дар бар мегирад, ки наметавонанд таҳсилро дар мактаби миёна идома диҳанд.

Ба гуфтаи ӯ, афзоиши шумори онҳо аз 2,2 ба 2,4 миллион натиҷаи таъсири ҷамъшавандаи маҳдудиятҳо мебошад, зеро ҳар сол насли нави духтарон ба синни таҳсилоти миёна мерасанд.

Маҳдудиятҳо ба духтароне, ки аз кишварҳои ҳамсоя ба Афғонистон бармегарданд, низ таъсир мерасонанд. Тибқи маълумоти ЮНЕСКО, духтарони то 15-сола 56 дарсади бозгаштагони кунуниро ташкил медиҳанд. Духтароне, ки дар хориҷ ба мактаби миёна мерафтанд, пас аз бозгашт ба Афғонистон наметавонанд таҳсили худро идома диҳанд.

ЮНЕСКО мегӯяд, муайян кардани шумори заноне, ки дар сурати набудани маҳдудиятҳо метавонистанд ба донишгоҳ дохил шаванд, имконнопазир аст. Барои чунин ҳисоб бояд маълум бошад, ки чанд духтар мактабро хатм мекарданд ва чанд нафари онҳо ба донишгоҳ роҳ меёфтанд.

Мақомоти гурӯҳи террористии Толибон ҳамчунин, таҳсили занонро дар донишгоҳҳо, аз ҷумла донишгоҳҳои тиббӣ, манъ кардаанд. Ба гуфтаи ЮНЕСКО, занон, инчунин, бо маҳдудият дар гирифтани диплом ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи таҳсил рӯбарӯ ҳастанд.

Ба гуфтаи Ҷабериан, маҳдудиятҳо ба таҳсили писарон низ таъсир расондаанд. Дар баъзе ҳолатҳо ба онҳо омӯзгорони таҷриба ва омодагии кофӣ надошта дарс медиҳанд ё ба далели маҳдудиятҳои корӣ барои мутахассисони соҳибтахассус омӯзгор намерасад.

ЮНЕСКО ба барномаҳои таҳсили фосилавӣ ва саводомӯзӣ ишора карда мегӯяд, ки онҳо наметавонанд дарсҳои пурраи синфиро бо иштироки омӯзгорони касбӣ иваз кунанд.

Созмон бори дигар аз мақомоти Толибон даъват кардааст, ки дастрасии духтарон ва занонро ба таҳсилоти миёна ва олӣ фавран ва бидуни шарт барқарор кунанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.